Кумитаи дин хоҳони фароғату осудагии ҳоҷиён аст

Апрель 10, 2012 16:39

Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Солҳои охир шумораи касоне, ки хоҳиши зиёрати хонаи Худоро доранд, ба маротиб меафзояд ва барои расидан ба ин ҳадаф, яъне адо намудани яке аз аркони дини мубини Ислом зоирини кишвар тамоми ҷаҳду кӯшиши хешро амалӣ менамоянд. Сол то сол зиёд шудани шумораи хоҳишмандони зиёрати хонаи Худо аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум ва шароити иқтисодии онҳо тадриҷан беҳтар шуда истодааст. Ба гузориши чандин расонаҳои хабарии хориҷиву дохилӣ, Тоҷикистон дар ин самт гомҳои устувор ниҳодааст ва аз тарзи чигунагии ба роҳ мондани маросими ҳаҷ аз Тоҷикистон иқтибос меоранд. Ҷиҳати равшанӣ андохтан ба низоми зиёрати зоирини тоҷик ва масоили марбут ба нарху навои ҳаҷ, инчунин шароити будубоши эшон ҳангоми зиёрати Хонаи Худо бо Абдуғаффор Юсупов, мудири шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкилии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ сӯҳбат кардем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони арҷманд менамоем. —Мӯҳтарам Абдуғаффор Юсупов, солҳои охир сафи зиёраткунандагони Хонаи Худо хеле афзудааст. Назари Шумо дар ин маврид? —Бале, воқеан ҳам вазъ чунин аст. Зиёраткунандагони Хонаи Худо аз ҷумҳурии мо сол то сол зиёдтар мешаванд. Мутаассифона, як идда нафароне ҳастанд, ки на танҳо аз беҳтар шудани чунин вазъ хушашон намеояд, балки бо муболиғаҳои зиёд ба ибораи мардумӣ “аз пашша фил” месозанд. Ва боиси нигаронист, ки чаро ин тоифа одамон заррае аз рушди маросими ҳаҷ ҳарф намезананд ва танҳо он чӣ, ки эшонро хушҳол месозад, ин айбҷӯӣ ва сиёҳ кардани масъулин дар Тоҷикистон ва коҳиш додани обрӯи кишвар дар хориҷ мебошад. Эродҳое, ки дар баъзе расонаҳо ба назар мерасанд, ин баланд будани нархи ҳаҷ дар Тоҷикистон мебошад. Ва ин ҳамчунин арзёбӣ мегардад, ки гӯё нархи ҳаҷ дар Тоҷикистон баландтарин нарх дар ҷаҳон маҳсуб мешуда бошад. Ва кишварҳоеро, ки нарх дар он ҷо арзонтар аст, мисол меоранду аз паси хӯрдагириву айбҷӯӣ мегарданд. Ва мисоли аз ҳама ба онҳо писанд ин ҷумҳурии ба мо ҳамсоя- Қирғизистон мебошад, ки имсол нархи ҳаҷҷ дар он ҷо 2600$ ва 100 сомро ташкил дод. Тибқи иттилои сомонаи Кумитаи дини Ҷумҳурии Қирғизистон www.hadj-borbor.kg нархи ҳаҷҷи соли сипаришуда 2600$ ва 100 сомро ташкил додааст. Дар хусуси тафовути нархи ҳаҷҷ, ки аксаран вобаста ба нархи сӯзишворӣ ва меҳмонхонаҳои воқеъ дар Макка ва Мадина мебошад, дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя бояд зикр намуд, ки нархи меҳмонхонаҳо вобаста ба мавқеъ ва масофаи ҷойгиршавиашон нисбат ба Ҳарам дар шаҳри Маккаи мукаррама фарқ мекунанд. Аммо агар мо нархи ҳаҷи Тоҷикистонро бо Қирғизистон муқоиса намоем, худ мебинем, ки чӣ тафовутҳои зиёде байни ин ду тараф мавҷуданд. Сабаби асосии баландшавии нарх ин нархи меҳмонхонаҳо, баъдан сӯзишворӣ мебошад. Пас, зоирини кишвари Қирғизистон ҳангоми дар шаҳри Мадина будан танҳо 100 доллари ИМА пардохт менамоянду бас ва он ҳам ба он сабаб, ки дар Мадина танҳо се шабонарӯз меистанд. Аммо зоирини Тоҷикистон ба сабаби он, ки 40 намоз хондан дар он ҷоро ҳатмӣ ва зарурӣ мешуморанд, масъулин ҳамаи ин нозукиҳои зоиринро ба назар гирифта, ба хотири қонеъ сохтани онҳо 9 шабонарӯз дар Мадина мемонанд ва ин ҳам каме ба нарх таъсир мерасонад (ҳудуди 80 ва ё 100 доллари ИМА). Зоирини Ҷумҳурии Қирғизистон танҳо 3 шабонарӯз меистанду халос ва нархи ин рӯзҳо тақрибан 100 доллари ИМА- ро ташкил медиҳад. —Нархи меҳмонхонаҳо низ метавонад таъсиргузор бошад?—Бале, сабаби дигари фарқи миёни хароҷоти ҳаҷҷи Тоҷикистону Қирғизистон ба Ҳарам вобастагӣ дорад. Нархи меҳмонхонаҳои ба Ҳарам наздик қимат буда, вобаста ба дуршавии масофа арзонтар мешаванд. Чанд соли охир ва соли равон меҳмонхонаҳои зоирини Тоҷикистон дар масофаи 2-3 км дуртар аз Ҳарам қарор гирифтаанд, ки нархи онҳо вобаста ба мавқеъи ҷойгиршавиашон мебошад. Меҳмонхонаҳои баъзе кишварҳои ҳамсояи мо, ба мисли Қирғизистон солҳои қаблӣ аз Ҳарам дар масофаи 10-12 км дур, дар як мавзее, ки дар он ҷо бе ягон маблағ метавон тӯли ин ҳама муддат иқомат дошта бошанд ва онро вақф мегӯянд, қарор доштанд. Аммо ин ҳамаро бояд ба назар гирифт, ки тӯли ин муддат барои адои панҷ вақт намоз аз он масофаи дур омада рафтан зоирин ба чи сангиниҳо метавонанд мувоҷеҳ гарданд. Бинобарин набояд фаромўш кард, ки барои зоирин меҳмонхона ҳарчи ба Ҳарам наздиктар бошад, беҳтар аст. Зоирин вақти дилхоҳашон метавонанд ҷиҳати панҷ вақт адои намоз бидуни масрафе вориди Ҳарам шаванд. Ва мавриди зикр аст, ки нархи ҳаҷи сипаришуда на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон боло рафт ва оддитарин қиёс худи кишварҳои минтақа ва ба мо ҳамсоя мебошад. Барои мисол, тибқи иттилои сомонаи http:tengrinews.kz, нархи ҳаҷ дар Қазоқистон имсол 3700 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурии Ӯзбекистон тибқи иттилои ғайрирасмӣ 3500 доллари ИМА ва бинобар хабари The Daily Afghanistan Муҳаммадюсуф Ниёзӣ- вазири иршод, ҳаҷ ва авқофи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳор доштааст, ки нархи ҳаҷ дар кишвараш 3100 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва сабаби баланд шудани онро дар боло рафтани нархи сӯзишворӣ ва ӯ баланд шудани нархи меҳмонхонаҳо дар Арабистони Саудӣ қаламдод кардааст. Ва бояд ишора намуд, ки се вақт хўроки гарм, қурбонӣ, либос, нигаҳдории анҷомҳо ва баъзе хизматрасониҳое, ки барои зоирони тоҷикистонӣ мушоҳида мешавад, зоирини Афғонистон ва ҳамзамон бештари кишварҳои хориҷ аз онҳо мустасно мебошанд. Ва агар нархи хидматрасониҳои мофавқро ба болои 3100 доллари ИМА зам кунем, нархи он шояд аз 3500 доллари ИМА болотар шавад. Тибқи итилоъи баъзе расонаҳо нархи ҳаҷҷ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 2800$- ва дар Русия то 3200- ро ташкил медиҳад. Ҷои тааҷҷуб аст, ки чунин рақамҳоро эшон аз куҷо меёфта бошанд. Агар аз рӯи мантиқ назар афканем, ин ду кишвар аз лиҳози васеъ будани масоҳат дар ҷаҳон ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд ва масофаи байни як вилоят ва ё шаҳри Чин ва байни Арабистони Саудӣ 2 ва ё 3 ҳазор километрро ташкил медиҳад, пас чӣ гуна метавонад, ки нархи ҳаҷ аз ҳама гӯшаву канори онҳо яксон бошад. Яъне, ин масъала мантиқан қобили қабул нест. Тибқи сарчашмаи шабакаи «Ал-ҷазира»-и давлати Қатар, ки яке аз бонуфузтарин шабакаи телевизионӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад, нархи ҳаҷ соли 2011 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 7000$ будааст, ки фарқи байни рақамҳои овардаи И. Акрамов дар матбуоти тоҷик ва ин шабака аз замин то осмон аст. http://www.aljazeera.net/news/pages/f0adb156-aa7c-4803. Дар мавриди масъалаи дур будани масофаи байни Арабистони Саъудӣ ва Ҷумҳурии Қирғизистон нисбат ба Тоҷикистон баъзе расонаҳо забони шиква мекушоянд, аммо дар мавриди нархнома, арзон будани он метавон кишвари дигареро дар баробари Қирғизистон мисол овард, ки дар муқоиса бо Тоҷикистон, аз лиҳози масофа ба Маккаву Мадина наздик аст, вале ба замми ин ҳама наздикӣ ба Арабистони Саъудӣ нархи ҳаҷ 1000 $ фарқ мекунад. Мутаассифона, инро дар ягон рӯзнома намехонем. Манзури мо Ҷумҳурии Озарбойҷон аст. Тибқи сарчашмаи http://www.zerkalo.az/2011-07-29/ нархи ҳаҷҷ соли гузашта дар он ҷо 3650 манат ё муодили 4647$ -ро ташкил дод. Ва фарқ дар масофаи байни ин кишвар ва Маккаи мукаррама 400 км, яъне 3000 км наздиктар нисбат ба Тоҷикистон аст. Баъзе муаллифони мо аз кадом сарчашма нархи ҳаҷҷи кишвари Ҳолландро бо Тоҷикистон қиёс кардаанд ва гӯё дар он ҷо соли гузашта нархи ҳаҷҷ 3200$ -ро ташкил дода бошад.. Тибқи иттилои http://djebbi.maktoobblog.com дар Ҳолланд нархи ҳаҷ аз 4000 евро то 12000 евроро ташкил медиҳад, ки дар ин ҷо бинобар баланд будани он чанд нафар забони шиква боз кардаанд:“Ҳусни Ҷулок , ки аслан туркнажоди муқими шаҳри Гаагаи кишвари Голландия мебошад, ба «исламонлайн» мегӯяд: барои ман ва оилаам мушкил аст, ки 12 000 евро пайдо кунам, то ки фаризаи ҳаҷро адо намоям. Ман бояд кӯшиш кунам, ки ин маблағро бо писарам ҷамъ кунам, то ки ин рукни исломро ба ҷо биёрам.” Ва нархҳо дар кишварҳои аврупоӣ тибқи манбаи иттилооии http://ar.go-makkah.com ва http://www.bbc.co.uk/news/uk-england-15536503 ба сурати зайл аст: Олмон 3499 €, Швейцария 4066 €, Лондон аз 4692$ то 7821$, Голландия 4000 €, Баҳрайн 3970$. Хуллас, мо аз аввал то охир ба тамоми сарчашмаҳои иттилоотӣ ворид шудем, вале ягон манбае наёфтем, ки дар он сухан аз гаронии нархи ҳаҷҷ наравад. Ин худ аз он шаҳодат медиҳад, ки нархи ҳаҷ ба тарзи сунъӣ баланд нашудааст ва Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даст надорад. —Дар мавриди нархи ҳаҷ дар Русия чӣ гуфта метавонед?—Дар хусуси нархи ҳаҷ дар Русия таруфаҳо мутафовитанд: ибтидо аз 300 доллари ИМА то 6, 7 ҳазор. “Масъулини идораи ҳаҷҷ сабаби гарон будани нархро дар боло рафтани нархи сӯзишворӣ маънидод мекунанд, ки ин дурӯғи маҳз аст, зеро баъд аз расидан ба кишвари дигар, ҳавопаймоҳо дар он ҷо маводи сӯзишворӣ захира мекунанд, ки нархи 3 литр солярка 1 сомонӣ мебошад.” Чунин матлаб дар як рӯзнома ба чашм расид. Дар ҷавоб чунин гуфтанием, ки нархи танҳо чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт) 1650$- ро ташкил медиҳад, ки ин тақрибан 40% маҷмӯъи маблағи ҳаҷҷ мебошад ва қабл аз нархгузорӣ, тамоми паҳлӯҳои нархи интиқоли ҳоҷиён (рафту баргашт) аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» хуб омӯхта шудаанд. Вале барои одами солимақл танҳо ҳамин кифоя аст, то як лаҳза фикр кунад, ки ҳавопаймо аз як тараф, яъне Душанбе – Ҷидда ҳоҷиёнро интиқол дода, ҳангоми бозгашт бидуни мусофир бармегардад. Баъдан, баъди адои фаризаи ҳаҷ тайёраҳо аз Душанбе холӣ барои овардани ҳоҷиҳо ба Ҷидда парвоз мекунанд. Яъне ин амалро ду дафъа анҷом додан лозим меояд, ки агар бепул ҳам маводи сӯзишворӣ захира шавад, ҳангоми холӣ баргаштан он сӯзишворӣ харҷ мешавад ва хоҳ-нохоҳ ба болоравии нархи ҳавопаймо оварда мерасонад. — Кумитаи дин барои ҳоҷиён чӣ имтиёз медиҳад?Беҳтар шудани фаъолияти Кумитаи дин аз даврони раёсати дин зери тобеияти Вазорати фарҳанг ва ё муфтиёт буда, фарқи он имрӯз аз замин то осмон мебошад Масалан, соли 2010 ҳоҷиёни Тоҷикистон бори аввал бо либоси ягона, ҷузвдон, бо аломати парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, овезаҳои махсус бо сабти ному насаб ва рақами шиносномаи ҳоҷӣ, меҳмонхонаҳои дорои ҳуҷраҳои катдор, оби гарму хунук, хунуккунакҳои замонавӣ, нақлиёти мунтазам ва маводи доруворӣ таъмин шуданд. Ин гуна имтиёзҳоро на ҳама кишварҳои ба мо ҳамсоя барои ҳоҷиёни худ фароҳам овардаанд. Агар чунин аст, пас бояд худ қазоват кунем, ҳамаи хидматрасониҳои зикршуда барои ҳоҷиён дар тўли 30 рўз чӣ қиматеро дар бар хоҳад гирифт. Албатта, ҷониби Тоҷикистон ҳам метавонист, ки дар сурати истисно намудани чунин имтиёзҳо нархи ҳаҷро ба монанди кишварҳои ҳамсоя пойин ва шояд аз онҳо дида арзонтар намояд, вале масъулини Кумита ҳама паҳлўҳои корро омўхта, ҷиҳати фароғату осонии будубоши ҳоҷиён чунин тасмимро гирифтанд.

Апрель 10, 2012 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд