Омодагии пойтахт ба зимистони оянда
Душанбе, 3 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-12 апрели соли 2012 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум баргузор мегардад. Дар ин хусус Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе қарор ба тасвиб расонд. Интизор меравад, ки дар иҷлосияи шаҳрӣ Насрулло Хайруллоев, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе дар бораи натиҷаи фаъолияти сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 ва вазифаҳои таъхирнопазири шаҳрдорӣ доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 ҳисобот медиҳад. Ҳамзамон дар иҷлосияи шаҳрӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров дар бораи ҷараёни татбиқи Барномаи комплексии рушд ва ҷалби сармояҳо дар истеҳсолоти саноатии шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2015 гузориш медиҳад. Инчунин дар иҷлосия вакилони шаҳр як силсила қарорҳои раиси шаҳрро тасдиқ хоҳанд намуд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






