Шеърдӯст: «Бинои ҷадиди сафорат тарҳи мондагорест»
Душанбе, 17 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хиёбони Исмоили Сомонии Душанбе хишти асоси бинои нави сафораташро гузошт, ки дар маросими он роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ҳузур доштанд. Алиасғари Шеърдӯст, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тарҳи таҳияшудаи бинои нави сафорат, равобити мутақобилан судманди ду кишвари форсизабон –Тоҷикистону Эрон дар бахшҳои мухталиф ибрози назар карда афзуд, ки тарҳи иморати сафорат мондагор буда, дар тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбҳаи Тоҷикистону Эрон нақши шоиста хоҳад гузошт. Ҳамзамон Ардашер Қодирӣ, сардори раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон роҷеъ ба сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар ибрози назар кард. Мавсуф афзуд, ки Эрон аз аввалин кишварҳоест, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва дар шаҳри Душанбе намояндагии дипломатии худро ифтитоҳ сохт. Ардашер Қодирӣ гуфт : бо бунёди иморати нави Сафорати Эрон дар Душанбе фаъолияти намояндагии дипломатии ин кишвар тавсеа ёфта, он ба рушди муносиботи гуногунсоҳаи ҳар ду кишвар мусоидат менамояд. Масоҳати Сафорати Эрон, ки дар паҳлӯи Сафорати Афғонистон воқеъ аст, 2 гектар буда, бинои он бо тарҳ ва санъати баланди меъмории эронӣ дар зарфи ду сол аз ҷониби ширкати муштараки сохтмонии «Меҳробод»бунёд мегардад. Бинои асосии сафорат аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати беш аз 9 ҳазор метри мураббаъ бунёд мегардад. Дар таҳхонаи он ошхона, ҷои намозгузорӣ, ҳуҷраҳо барои нигоҳ доштани генераторҳо ва таҷҳизоти электрикӣ ва бойгонӣ дар масоҳати 1070 метри мураббаъ пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи якум китобхона ва шӯъбаҳо барои фаъолияти мутахассисон ва атташе ҷойгир мешавад. Ҳуҷраи кории сафир ва шахсони дуюми сафорат, толорҳои мулоқот дар масоҳати 800 метри мураббаъ дар ошёнаи дуюми бино тарҳрезӣ шудаанд. Дар қабатҳои сеюм ва чоруми бино дигар ҳуҷраҳои хизматӣ бунёд мешаванд. Назар ба иттилои мудири ширкати «Меҳробод» муҳандис Каёнфар бинои нави сафорати Эрон дар Душанбе бо санъати баланди меъмории суннатии эронӣ ва муосир бунёд гардида, масолеҳи сохтмонии ҳозиразамон истифода мегардад. Намои берунии бино кошикорӣ мешавад, ки яке аз суннатҳои асил ва қадимии меъмории Эрони бостон аст. Ҳамзамон дар саҳни ҳавлии сафорат муҷассамаи ёдгорӣ ба сифати рамзи дӯстии Тоҷикистону Эрон қомат меафрозад. Он аз бетон ва таҷҳизоти арматурӣ бо сабки меъмории бостонӣ ва баландии 18 метр сохта шуда, аз се поя иборат аст, ки таҷассумгари муштаракоти таърихию фарҳангӣ ва пайванди мардумони се кишвари форсзабон-Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон аст. Бояд тазаккур дод, ки Эрон яке аз кишварҳои дӯст ва шарики стратегии Тоҷикистон буда, дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, хусусан бунёди иншооти муҳими энергетикӣ ва коммуникатсионӣ нақши муассир мебозад. Ба гуфтаи иқтисодшиносон, Эрон яке аз панҷ кишварест, ки ба Тоҷикистон бештар сармоягузорӣ кардааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






