Таъсиси намояндагии Донишгоҳи миллии таҳқиқотию технологии Русия дар Тоҷикистон
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз, 17 апрел дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи намояндагии Донишгоҳи миллии таҳқиқотию технологӣ (Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав) барпо гардид. Намояндагӣ дар заминаи собиқ корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» таъсис ёфтааст. Дар маросими ифтитоҳи намояндагии донишгоҳи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Агентии федералӣ доир ба корҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, намояндаи доимии Президенти Федератсияи Русия доир ба равобит бо ИДМ Константин Косачев, сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов, роҳбари Намояндагии ҳамкории Русия дар ҶТ Сергей Киселёв ва шахсони дигари расмӣ иштирок намуданд.Донишгоҳи миллии тадқиқотию технологӣ, ки таърихаш аз соли 30 — уми қарни гузашта сарчашма гирифта, дар он вақт Донишкадаи пӯлоди Маскав номида мешуд, имрӯз яке аз донишкадаҳои олии пешқадами на фақат Федератсияи Русия, балки берун аз ҳудуди он низ ба ҳисоб меравад. Президенти кишвар сараввал ҳамагонро бо ин рӯйдоди фархунда — ифтитоҳи расмии намояндагии яке аз донишкадаҳои қадимтарину асоситарини Русия — Донишгоҳи миллии тадқиқотию технологӣ (Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав) дар шаҳри Душанбе муборакбод намуда, гуфт: «Акнун насли навраси мо, бинокорони ояндаи Тоҷикистон имконияти хуб доранд, ки ба қуллаҳои илм расида, дар бинои ин намояндагӣ маълумоти олӣ ба даст оранд. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи намояндагӣ он аст, ки дар раванди таҳсилот баробари профессорону омӯзгорони донишкадаи олии асосӣ мутахассисони таҷрибадори мо, ки курсҳои такмили ихтисосро дар кафедраҳои асосии Донишгоҳи пӯлод ва хӯлаи Маскав хатм намудаанд, иштирок менамоянд».Ҳамчунин қайд карда шуд, ки алҳол ҳазорҳо нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкадаҳои сершумори олии Русия таҳсил мекунанд ва таҷриба меомӯзанд. Ҳар сол шумораи квотаҳо барои таҳсил дар донишкадаҳои олии Федератсияи Русия меафзояд. Суръати мусбати ҳамкории дуҷониба худи имрӯз самтҳои нав ба нави ҳамгироӣ ва саъю кӯшишҳои якҷояи кормандони соҳаи маорифу илмро бо мақсади таъмини рушди иқтисодӣ ва шукуфоии ҳар ду мамлакат муайян месозад. Намояндаи доимии Президенти Федератсияи Русия доир ба равобит бо ИДМ Константин Косачев, сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов низ сухан гуфтанд. Ю. Попов зикр намуд, ки ташкили намояндагӣ дар асоси Созишномаи дуҷонибаи байни Русия ва Тоҷикистон ба баланд шудани сифати тарбияи муҳандисон, таҳкими робитаҳои байни донишкадаҳои олии ҳар ду кишвар мусоидат намуда, ба рушди ҳамкориҳои фарҳангию илмии байни наслҳои ҷавони ҳар ду ҷумҳурӣ кӯмак мекунад.Зимни шиносоӣ бо шароити таълимии ин бинои 6-ошёна аз ҷумла зикр гардид, ки соли равон барои таҳсил дар намояндагӣ 500-600 нафар донишҷӯй қабул карда мешаванд. Ин шумора тибқи нақша бояд то ба ҳазор нафар расад. Бинои таълимӣ дорои синфхонаҳои компютерӣ, лингафонӣ, озмоишгоҳҳои гуногуни кимиёӣ, физикӣ ва физикию кимиёӣ, китобхонаи электронӣ ва дигар шароити муосир буда, барои таълиму тарбияи кадрҳои соҳаҳои энергетика, саноат, металлургия, геология, кӯҳкорӣ ва дигар соҳаҳо омода аст.—Мо бояд ҳамаи имкониятро барои рушду густариши ҳамкории гуманитарӣ ҳатман истифода намуда, лоиҳаҳои муштаракро ҷиҳати дастгирии бахши маорифу илм, ҳамчунин васоили таъсирбахшро ҷиҳати татбиқи нақшаҳои пешбинишуда пурра истифода намоем. Онҳо на фақат ҷавобгӯи манофеи миллии мамлакатҳоямон мебошанд, балки саъю кӯшишҳои якҷояро ба манзури рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан муфид низ мустаҳкам мегардонанд, -таъкид намуд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.








Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






