Захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон

Апрель 16, 2012 15:04

Баромад дар Ҷамъияти Британияи Кабир – Россия хонаи Пушкин, Bloomsbury Square, LondonПанҷшанбе, 22 марти 2012Струан Стивенсон, вакили Парлумони Аврупо Захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ ва АфғонистонАфғонистон бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба воситаи захираҳои обҳои фаромарзӣ алоқаманд буда, 40%-и қаламрави ин мамлакат дар дохили ҳавзаи Баҳри Арал мебошад ва 33%-и аҳолии он дар ин ҳавза зиндагонӣ мекунад.Аз нигоҳи суботи минтақавӣ, масъалаҳое, ки ба Афғонистон алоқамандӣ доранд, марбут ба истифодаи об аз дарёи Ому мебошад, ки аз он Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон низ баҳравар мебошанд ва дар охир ин дарё ба қисми ҷануб ё ки баҳри Арали «бузург» меафтад. Агар вазъи амнияти Афғонистон мӯътадил шавад, қисми зиёди рушди кишвар ба кишоварзӣ ва обёрикунии заминҳо равона мегардад. Ин маънои онро дорад, ки баҳрабардорӣ аз захираҳои обии дарёи Ому, ки бе ин ҳам аз ҳад зиёд истифода мегардад, боз ҳам бештар мешавад. Афзоиши истифодабарии оби дарёи Ому дар муносибатҳои байнидавлатии минтақа таъсироти ҷиддӣ метавонад расонад. Рушан аст, ки зиёдшавии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ба обёрии заминҳо ниёз дорад ва ба ақидаи баъзе коршиносон, Афғонистони баъдиҷангӣ ҳаҷми истифодаи обро метавонад дучанд гардонад. Барои пеш бурдани кишоварзӣ, ки дар қисми шимоли ин кишвар аст, бо оби Ому истифода карда мешавад ва ин гуна ҳолатҳо ногузир ба пайдоиши низоъҳо бо кишварҳои истифодабарандаи дарёи Ому, ки бо мушкилии захираҳои обӣ рӯ ба рӯ мешаванд, оварда мерасонад. Пеш аз ҳама созмонҳои байналмилалӣ кӯшиш доранд кишоварзони афғонро барои парвариши анор ҳавасманд гардонанд, то аз кишти кукнор рӯ гардонанд. Хоки Афғонистон барои ин мақсад хеле қуллай мебошад. Анор, албатта, маҳсулоти обталаб буда, барои ҷории васеи он муомилаи бодиққатро талаб мекунад. Бинобар ин ҷомеаи чаҳонӣ ва агентиҳои оид ба рушд бояд аз васвасаи он, ки эҳтиёҷот барои рушди Афғонистон нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд аст, худдорӣ намоянд. Тоҷикистон инчунин ҷиҳати таъмини субот дар ин минтақаи ноором нақши муҳимро мебозад. Ба шарофати истифода намудани захираҳои бузурги обии худ, Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад талаботи энергетикии худро қонеъ гардонда, ҳамзамон ба кишварҳои ҳамсоя онро содир намояд. Хатти баландшиддати 500 кВт қувваи барқ, ки Тоҷикистону Афғонистонро пайваст менамояд, аллакай дар марҳилаи сохтмон қарор дорад. Бо қувваи барқ таъмин намудани ин давлати аз ҷанг харобшуда саҳми арзанда дар барқарор кардани сулҳ ва бозсозии иқтисоди косташудаи Афғонистон мегардад.Бечунучаро масоили об сарчашмаи тезутундӣ дар муносибатҳои давлатҳои болооб ва поёноби Осиёи Марказӣ аст. Дар ин замина сохтмони обанбори Роғун дар рудхонаи дарёи Вахш дар маркази баҳсҳо қарор гирифтааст. Иқтидори истеҳсоли қувваи барқи ин НОБ баъди пурра ба кор даромадан 3600 МВт-ро ташкил хоҳад дод. Дар давраи Шӯравӣ зиёда аз 45 мил нақбҳои зеризаминии ин иншоот сохта шудаанд, айни замон қариб 5000 сохтмончӣ шабу рӯз ба бозсозии майдони зеризаминии азим, барои ҷойгиркунии гидротурбинаҳо машғуланд. НОБ-и Роғун бо сарбанди 335 метр баландӣ, дар водии нишеби танги дарёи Вахш аз сангу гил сохта мешавад.Ӯзбекҳо бениҳоят дар ташвишанд, ки гӯё ин сарбанд дар ҳолати заминларзаи сахт ноустувор буда, барои давлатҳои поёноб ба мисли Ӯзбекистон оқибати садамавӣ дорад. Онҳо сарҳадоти худро бо Тоҷикистон ҳамчун нишони эътироз бастаанд. Коршиносони Олмонӣ ва Покистонӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ барои тадқиқи лоиҳаи НОБ-и Роғун ҷалб гардидаанд. Тадқиқи ниҳоӣ ҳамин сол гузаронида мешавад.Аммо пас аз сафари худ ба Тоҷикистон мутмаинам, ки ин сохтмон бехатар буда, барои минтақа бисёр фоидаовар мебошад. Сарбанди Роғун аз сарбанди ба он айнан монанди Норак, ки дар даврони Шӯравӣ бо ҳамин қадар баландӣ ва дар дарёи Вахш сохта шуда буд, тафовуте надорад. Норак низ зиёда аз 300 метр баландӣ дошта, обанборро, ки 70 километр дарозӣ дорад, мустаҳкам нигоҳ медорад. Аммо ин сарбанди аз хок ва тахтасангҳо сохташуда дар давоми 40 сол садхо заминларзаҳоро ба шарофати сохти тобовараш паси сар намудааст. Ман ягон сабаби насохтани НОБ-и Роғунро, ки айнан чун Норак ба нақша гирифта шудааст, намебинам.Обанбори нави банақшагирифтаи НОБ-и Роғун пеш аз пурра ба кор даромадан дар давоми даҳ сол аз об пур карда мешавад, аммо тоҷикон ба ҳамсояҳои дар поёноб ҷойгиршуда додани ҳаҷми оби аз Амударё айни замон доштаро кафолат медиҳанд. Онҳо таъкид менамоянд, ки низоми сарбанди навашон имконияти идоракунии захираҳои обиро моҳиятан беҳтар намуда, ба ҳама фоида меорад. Тоҷикон иброз медоранд, ки 60% дарёҳои минтақа дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд ва бар нафъи тамоми Осиёи Марказӣ хизмат мекунанд. Онҳо таъкид месозанд, ки ба ҳамсояи дар поёноб чойгиршуда ҳеҷ гоҳ ҷараёни обро маҳдуд намекунанд.Чун НОБ-и Роғун ба кори худ шурӯъ намояд, ба сарчашмаи нерӯи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки ҳам талаботи Тоҷикистон ва инчунин кишварҳои ҳамсоя – Афғонистон ва Покистонро қонеъ мегардонад, табдил меёбад. Ба назар мерасад, ки он барои тамоми ин минтақа, ки эҳтиёҷи мубрам ба қувваи барқ дорад, интихоби бурднок мебошад. Истифодаи оқилонаи об дар кишварҳои поёноб дар якҷоягӣ бо обанборҳо ва обёрии чакрагии мушаххас, омилҳои ноодилонаи тақсимот ва истифодаи захираҳои гарони обиро дар Осиёи Марказӣ бартараф сохта, сабабҳои сар задани низоъ дар водии Фарғонаро бартараф месозад. Тоҷикистон дар идоракунии манбаъҳои обӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф мебошад, ки давлатҳои ҳамсояи худро бо об ва қувваи барқ таъмин месозад. Ин боиси ҳавасмандгардонии ҷумҳурӣ аз ҷониби Ғарб барои оғози чунин саъю кӯшишҳои дар ин минтақа мебошад. Аммо тезутунд будани муносибатҳои кишварҳои болооб ба монанди Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки обро дар фасли зимистон барои истеҳсоли кувваи барқ истифода мебаранд ва кишварҳои поёноб, аз он ҷумла Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, ки эҳтиёҷ ба об дар фасли тобистон ҷиҳати обёрии киштпарварӣ доранд, сабабгори нооромӣ дар ин минтақа мебошад.Вақте ки лоиҳаҳои бузурги нерӯгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон амалӣ мегарданд, мамлакатҳои поёноб ба сохтани кулу обанборҳои бузурги сунъӣ, барои нигоҳдории об, бо мақсади обёрӣ намудан ҷавоб гардонида истодаанд. Дар айни замон зиёда аз 90 обанбор дар ҳавзи баҳри Арал вуҷуд дорад, ки 55 онҳо дар ҳудуди Ӯзбекистон ҷойгиранд ва бисёри аз онҳо дар давоми 20 соли охир сохта шудаанд. Мутаассифона, қисми зиёди онҳо дар замини қумзор сохта шудаанд, ки миқдори калони об ба қумзамин фурӯ меравад. Оқибати чунин истифодаи ғайриодилонаи об дар якҷоягӣ бо идома ёфтани вобастагии маҳсулотҳои обталаб ба монанди пахта ва ҳатто биринҷ ба талошҳои пешгирии хушкшавии баҳри Арал монеа эҷод мекунанд.

Апрель 16, 2012 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд