Эҳёи ваҳдат- саодати миллат

Май 14, 2012 17:29

Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии эҷодкорон ва соҳибистеъдодҳои ҷавон, таҳкими ҳисси худшиносиву меҳанпарастӣ имрӯз дар Муассисаи давлатии кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Эҳёи ваҳдат- саодати миллат» маҳфили фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони бахшҳои ҷавонони ноҳияҳои шаҳр ва меҳмонон ҳузур доштанд. Дар чорабинӣ хонандагони мактабҳои миёнаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ширкат варзида, дар васфи Ватан, модар, Ваҳдат ва истиқлолият бо маҳорати баланд шеър хонданд. Тавре ки директори маркази номбурда Комилҷон Холов иброз дошт, бедории миллӣ ва густариши рӯҳияи ватанпарастии ҷавонон дар шароити кунунии истиқлолияти милливу давлатӣ аз аҳамият холӣ нест. Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта ва бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандустӣ марказ тасмим гирифтааст, ки дар тӯли ҳафта як маротиба чунин чорабинии адабию варзишӣ, фароғативу маърифатӣ ва оммавиро пешкаши хонандагон гардонад. Дар хотима аз ҷониби толибилмон барномаи консертӣ пешкаши аҳли нишаст гардид.

Май 14, 2012 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд