Интихоби С.Наришкин ба ҳайси раиси АБ СААД
Душанбе, 18 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Сергей Наришкин- раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Русия дар ҷаласаи пленарии V-уми Ассамблеяи байнипарлумонии /АБ/ Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ бо пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси АБ СААД интихоб гардид. Дар ҷаласа дар радифи дигар масъалаҳо Барномаи фаъолияти АБ СААД барои солҳои 2012-2015, лоиҳаи тавсияҳо ҷиҳати ташкили рўйхати ягонаи маводи мухаддир, ки мавриди назорат дар кишварҳои узви СААД қарор доранд, танзими қонунгузории миллии иҷрои ҷазо, тавзеҳоти таъмини асосҳои қонунии мақоми ҳайати шахсии қуввваҳои дастаҷамъонаи вокуниши фаврии СААД баррасӣ ва бо қабули қарорҳои дахлдор ҷонибдорӣ карда шуданд.Дар ҷаласаи Ассамблея масъалаи 10-солагии фаъолияти СААД ва 20-солагии ба имзо расидани Аҳдномаи ин ниҳод мавриди таваҷҷўҳ ва муҳокимарониҳои парламентарҳои узви ин созмони бонуфуз қарор гирифтаанд. Аснои қабули изҳороти АБ СААД таклифи раиси Маҷлиси миллиии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии Декларатсияи 15 майи соли 2012, ки дар Маскав аз тарафи Сарони давлатҳои аъзои СААД ба тасвиб расид, ҷонибдорӣ гардида, имзо шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






