Маҳфили шеъри шоири маҳбуб
Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дирӯз дар Хонаи адибони Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ ба ифтихори 80- солагии мавлуди адиби маҳбуб, Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат баргузор гардид.Ин ҷамъомади бошукӯҳ бо иштироки аҳли илму адаб, шоирону нависандагон, намояндагони идораҳои давлатӣ, устодони донишгоҳу донишкадаҳо ва шогирдони устод сурат гирифт. Шоирро дӯстону наздикон бо қироати порчаҳои шеърӣ аз ашъораш ва бо гулу гулдастаю тӯҳфаҳои хотирмон бо ин санаи фархунда табрик карданд. Ҳамчунин Сафар Абдулло аз Алмаато аз тариқи скайп Мӯъмин Қаноатро табрик кард. Мӯъмин Қаноат 20-уми майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст. Аввлин шеърҳои Мӯъмин Қаноат ҳанӯз овони ҷавонӣ эҷод шуда, дар рӯзномаи ноҳиявӣ ба табъ расидаанд. Шоири шинохтаи тоҷик Мӯъмин Қаноат баъди хатми омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Ғарм донишҷӯи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуда, баъди хатми он то имрӯз ба фаъолияти эҷодӣ машғул аст. Ашъори пуртароват ва достонҳои ӯ «Суруши Сталинград», «Мавҷҳои Днепр», «Гаҳвораи Сино», «Достони оташ», «Тоҷикистон- исми ман» ва ғайра миёни хонандагон маълуму машҳуранд.Мӯъмин Қаноат барандаи якчанд ҷоиза, аз қабили ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравист ва дар рушди адабиёти муосири тоҷик бо ашъори пурмӯҳтавои худ нақши назаррасро касб намудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






