Сафари кории Э.Раҳмон ба ноҳияи Ҳисор

Май 23, 2012 16:06

Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҳисор сафари корӣ анҷом дод. Зимни сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Ҳисор дар бахшҳои ғаллакорӣ, пахтакорӣ, боғутокпарварӣ ва чорводорӣ шинос шуд. Боздиди корӣ аз шиносоӣ бо рафти навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода дар паҳлӯи боғи 15-солагии истиқлолияти Тоҷикистон оғоз ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз суръати сусти корҳо изҳори нигаронӣ карда, барои тезондани он ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Тавре зикр гардид, ки ҳоло корҳо барои кандани қабати болоии роҳи кӯҳна ва омода кардани хатти нави роҳи мазкур идома дорад. Чунонки аён гардид, бисёр гардишу печутобҳои пешина рост ва пастию баландиҳо тахту ҳамвор карда мешаванд, то ки сатҳи бехатарии ҳаракат дар ин роҳ боло равад. Ба ин кор 138 техникаю механизмҳои роҳсозию боркашӣ ва беш аз 500 нафар коргару мутахассис сафарбар гардидааст. Беш аз 70% роҳсозон аз аҳолии маҳаллӣ мебошанд, ки бо маоши хуб таъмин гардидаанд. Ба роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва шарикони чинии он, ҳамчунин доир ба тезондани навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Данғара, сохтмони нақбҳои Чормағзаку Шаҳристон ва омодасозии лоиҳаи роҳи Айнӣ-Панҷакент дастуру ҳидоятҳо дода шуд. Таъкид гардид, ки нақби Шаҳристон бояд моҳи сентябри соли равон ва нақби Чормағзак моҳи сентябри соли 2013 бояд мавриди истифода қарор бигиранд. Аз ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кооперативи истеҳсолии Ватани ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, бо кори ибратбахши хоҷагии оилавии Ҳаиталӣ Буриев аз наздик шинос шуд. Тавре зикр гардид, ин деҳқони асил соли гузашта аз ҳар гектари замини ғаллаи обӣ 70 сентнерӣ ҳосил гирифта, имсол низ аз заминҳои гандум ва ҷуворимакка ҳосили фаровонро мунтазир аст. Аҳли ин хоҷагӣ беш аз 30 гектар заминро дар ихтиёр дошта, асосан бо зироаткорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ машғуланд ва аз заҳмати худ фоидаи хуб ба даст меоранд. Тавре зикр гардид, аҳли ин хоҷагӣ, асосан аъзои як хонавода ва дӯстони онҳо буда, хурду калон аз заминҳои он ризқи фаровон ҳосил мекунанд ва ҳеҷ касе аз эшон ба муҳоҷирати корӣ намеравад. Дар хоҷагии Ҳайдар Мирови ноҳияи Ҳисор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори қитъаи пахтаи маҳиннахи навъи Авесто шинос шуд. Чунонки зикр гардид, дар ин ҷо аҳли хоҷагӣ ду сол боз бо олимони Академияи кишоварзии мамлакат парвариши ин навъи пахтаро, ки асосан дар вилояти Хатлон кишт мешавад, ба таври таҷрибавӣ ба роҳ мондаанд. Соли гузашта, ки барои пахтакорӣ басо мусоид омада буд, онҳо аз ҳар гектар 41 сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Имсол низ умед доранд, ки то 35-40 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд. Ба гуфти олимони соҳа, ин навъи пахта пешпазак буда, ҳосилаш дар давоми 125-132 рӯз ба чиндан омода мешавад ва баромади нахаш ба 35-40% мерасад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллии соҳаҳои кишоварзию саноати сабук ва олимони соҳа доир ба ташкили истеҳсоли мошинолоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани коркарди пурраи нахи пахта дар дохили кишвар дастуру ҳидоятҳо дод. Зимни боздид аз хоҷагии чорводории Баракати ноҳияи Ҳисор малум шуд, ки аҳли заҳмати он ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Чунонки иттилоъ дода шуд, ҳоло дар ин фермаи хоҷагӣ 2064 сар чорвои калони хушзот парвариш меёбад, ки аз он 718 тоаш модаговҳои дӯшо мебошанд. Дар ин ҷо асосан, говҳои зоти сермаҳсули сиёҳало парвариш меёбад. Соли гузашта аз ҳар сар модагови дӯшо 5113 килограмӣ шир дӯшида шудааст ва имсол ин нишондод тибқи пешгӯии роҳбари хоҷагӣ бояд ба 5,5 ҳазор кг расонда шавад. Дар натиҷаи бордоркунии сунъӣ бо нутфаҳои воридотӣ насли тозаи хушзот ҳосил менамоянд. Гӯсолаҳои модина то 1,5 солагӣ 450 кг вазн гирифта, ба бордоршавӣ омода мешаванд. Буққаҳои хоҷагӣ, ки то 1400-1500 кг вазн мегиранд, асосан ба гӯшт мераванд ё ба хоҷагиҳои дигари чорводор барои наслгирӣ фурӯхта мешаванд. Дастоварди аз ҳама ҷолиби хоҷагӣ ширдӯшии мошинии автоматӣ бо навтарин технологияи олмонӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон бори нахуст ба назар мерасад. Ба иттилои мутахассисон, дар компютере, ки дар маркази идораи ин дастгоҳҳои ширдӯшӣ насб шудааст, тамоми маълумоти оморӣ ва назоратӣ доир ба ҳар як модагови дӯшо сабт мегардад. Ин дастгоҳи нави технологӣ ҳам хароҷоти хоҷагиро кам менамояд ва ҳам қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ ба таври шоиста риоя мегарданд. Дар вақти боздиди Сарвари давлат дар фермаи хоҷагӣ захирасозии тарбеда бо ҷӯшу хурӯш идома дошт. Тавре иттилоъ дода шуд, то имрӯз 2300 тонна тарбеда дар чуқуриҳои дароз бо риояи технологияи хуби нигаҳдории он зери пленка ва хок захира карда шудааст. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳар як замини обии юнуҷқа дар як сол то 6-7 маротиба дарав карда мешавад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа доир ба паҳн намудани таҷрибаҳои пешқадам ба дигар ноҳияҳо, боз ҳам беҳтар намудани натиҷаҳои кори соҳа, ҳамқадам будан бо дастовардҳои илму техникаи навтарини ҷаҳонӣ, таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ ва боло бурдани қудрати содиротии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳо дод.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 23, 2012 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «ACIBADEM» ифтитоҳ гардид