Фестивали «Зеҳн ҳудуд надорад»
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз 25 то 28 июн бахшида ба 15 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва истиқрор дар Тоҷикистон дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А.Лоҳутӣ Фестивали 7 – уми байналмилалии косибон баргузор мегардад.Дар фестивал косибони Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Туркия иштирок менамоянд. Тавре ки роҳбари Бунёди байналмилалии косибони Ҷумҳурии Тоҷикистон Мукаррама Қаюмова дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, дар фестивал 50 кафар косибони хориҷӣ ва 50 нафар косибони маҳаллӣ ширкат меварзанд.Мақсад аз фестивали ҳозира, ки таҳти унвони «Зеҳн ҳудуд надорад» баргузор мегардад, муттаҳид сохтани қувваҳои эҷодии косибони Тоҷикистон бо ҳамватанони хориҷиашон мебошад. Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор нафар косибон фаъолият дошта, ҷумҳурии мо узви Бунёди байналмилалии косибони Осиёи Марказӣ мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






