3 ҳазору 500 ҷойи корӣ
Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Тибқи маълумоти «Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд» (ТОР) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалисозии барномаҳои ташкилоти мазкур 3 ҳазору 500 ҷойи корӣ барои сокинони ҷумҳурӣ муҳайё сохта шудааст. «Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд» дар бахшҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, молия ва рушди деҳоти Тоҷикистон 20 сол боз ҳамкорӣ дорад.Боиси зикр аст, ки ТОРдар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 бо истифода аз таҷриба дар манотиқи кӯҳистони ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд тавассути барномаҳо оид ба рушди деҳот фаъолияташро роҳандозӣ намудааст.Шоҳзода Ҳусайн Оғохон- фарзанди Волоҳазрат Оғохони-1V, ки меҳмони кишвари мост, дар давоми сафари серӯзаи худ ба Тоҷикистон, бо раванди иҷрои барномаҳои ТОР ошно мегардад. Ба иттилои манбаъ, нӯҳ агентии ташкилоти мазкур барои ҳамаи афрод новобаста аз мансубияти ҷинсӣ, қавмӣ ва динӣ, ки дар манотиқи дорои шароити сахт дар кишварҳои Африқо, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Шарқи Миёна зиндагӣ мекунанд, кӯмаки иҷтимоӣ мерасонад.«Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бонки хурди молиявии худро таъсис додаст, ки рушди ҳамаи шаклҳои хоҷагидориро дастгирӣ менамояд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






