Афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ
Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон, дар 5 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и вилоят 914,8 млн. сомониро ташкил дод.Боис ба ёдоварист,ки соли 2011 дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтии самарабахш ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин минтақаи калонтарини ҷумҳурӣ ба 7,2 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2010 ба миқдори 534 млн. ва назар ба соли 2000-ум 6,5 млрд. сомонӣ зиёд аст.Тибқи маълумоти омори вилояти Хатлон, дар 5 моҳи соли ҷорӣ 5 ҳазору 58 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содир шудааст. Дар давоми моҳҳои январ-майи соли 2012 дар ин вилоят ҳамчунин 193 ҳазор тонна гӯшт, 783 ҳазор тонна шир ва 20 млн. дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 9 фоиз зиёд аст. Дар ин давра шумораи оилаи занбӯри асал ба 42 ҳазору 200 ва истеҳсоли моҳӣ ба 153,8 тонна расонида шудааст, ки он самараи истиқлолияти кишвар дар 20 соли гузашта аст.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






