Активҳои Амонатбонк афзуданд
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Активҳои Бонки давлатии амонатгузории (БДА) «Амонатбонк» то имрӯз ба як миллиарду 171 миллион сомони расидаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 53,2% зиёд мебошанд», — иброз намуд нишасти матбуоти Раиси БДА «Амонатбонк» Гулнора Хасанова, 12 июл. Аз рӯи иттилоъи Ӯ, сармояи «Амонатбонк» дар ин муддат ба маблағи 148,5 млн. сомонӣ расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,3% зиёд аст. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти нимсолаи авали соли равон даромад то андозбандии ба маблағи 13,2 млн. сомони ва баъди андозбандӣ 9,9 млн. сомониро ташкил, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 маротиба зиёд аст. «Дар шаш моҳи соли равон гардиши умумии ҳисобаробаркуниҳо бо асъори миллӣ да ҳудуди ҷумҳурӣ 28,7 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,2 маротиба зиёд аст», — афзуд Сарвари бонк. – Бо мақсади таъмини шаффофият, назорати доимӣ ва саривақт дастрас намудани ҳисоботу маълумотҳо 97% — и филиалҳои бонк ба тавозуни ягона васл карда шудаанд. Инчунин дар ин давра 21 маркази хизматрасонии шаҳри Душанбе ба шабакаи ягонаи умумибонкӣ шомил гардонида шуд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






