Барқияи табрикотии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар»).- Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: Иҷоза деҳед, самимонатарин табрикоту таманиёти худро ба муносибати 20 солагии эҷоди робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям. Боварии комил дорам, гомҳои муштараке, ки дар заминаи таҳкиму густариши робитаҳо ва муносибатҳои дӯстона байни ду кишвари дӯсту бародари дорои муштаракоти мазҳабӣ, забонӣ ва фарҳангӣ то ҳол бардошта шуда, дар оянда низ ба устувории бештар бардошта шавад. Мардуми Афғонистон ба робитаҳои худ бо кишвари дӯст, Тоҷикистон ба дидаи қадр нигариставу хоҳони густариши он дар ҳама соҳаҳо мебошанд. Тандурустию саломатии Ҷалолатмаоби Шумо, саъодату тарақии мардуми кишвари дӯст, Тоҷикистонро орзу дорам.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






