Бензинфурӯшони кӯчагӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд
Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо мақсади дар амал татбиқ намудани фармони вазири корҳои дохилӣ оид ба тақвияти корҳои пешгирикунанда ҷиҳати бехатарӣ аз сӯхтор ва барҳам додани савдои ғайриқонунии маводи сӯзишворӣ, тибқи нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар ҳамдастӣ бо кормандони милитсия ва дигар ниҳодҳои дахлдор дар ҳудуди шаҳри Душанбе санҷишҳои муштарак ташкил намуданд. Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад, дар ҷараёни чорабинӣ муайян гашт, ки аз бемасъулиятиву хунукназарии масъулини дахлдор дар канори роҳҳои мошингард, наздик ба манзилҳои истиқоматӣ ва иншооту корхонаҳо, фаъолияти ғайрирасмии нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворию равғанҳои молидании нақлиётӣ, тариқи зарфҳои гуногуни пластикиву шишагин ва мошинҳои сӯзишворикашон ба ягон талаботи қонуну қоидаҳои бехатарӣ ҷавобгӯ набуда, ки аксарашон ҳатто аломати рақами давлатӣ низ надоранд, зиёд ба чашм мерасанд. Дар баробари надоштани воситаҳои муҳими оташнишонӣ фурӯшандаҳои ин нуқтаҳо, ки қисми зиёдашон ноболиғон ҳам мебошанд, на танҳо риояи қоидаҳои оддитарини бехатарӣ, балки амали худро ҳангоми рух додани сӯхтор намедонанд. Таҳлилу омӯзиши мутахассисони СХДО ВКД нишон дод, ки дар натиҷаи риоя накардани оддитарин талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор танҳо дар давоми 5 соли охир дар ҷумҳурӣ 295 ҳодисаи сӯхтор дар воситаҳои нақлиёт бо зарари 2 млн. 498 ҳазору 523 сомонӣ рух додааст, ки дар натиҷаи он 16 нафар шаҳрванд фавтида, 78 адад нақлиёт пурра сӯхта валангор гаштааст. Дар ҷараёни гузаронидани ин чорабинии муштарак аз тарафи кормандони Назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори ХДО ВКД нисбат ба 24 нафар вайронкунандаи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 1760 сомонӣ ҷарима шуданд. Инчунин фаъолияти 20 нуқтаи фурӯши ғайриқонунии маводи сӯзишворӣ манъ карда шуд. Санҷишҳои муштарак дар ин самти корӣ идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






