Боздиди О. Оқилов аз иншооти ҷашнии Суғд
Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)-Рўзҳои 14-16 уми июли соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо мақсади шиносоӣ бо ҳолати сохтмон ва тармиму таҷдиди иншооти ҷашнӣ ва аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта бо сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қарор дошт. Дар ҷараёни сафар Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов нахуст дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти тармиму таҷдидсозии Қасри «Арбоб» ва сохтмони «Чойхонаи миллӣ» дар шафати қасри мазкур шинос шуд. Дар Қасри «Арбоб» аз ҷониби ҶММ «Раҳмониён» корҳои тармиму таҷдидсозӣ бо маром идома ёфта тибқи нақша дар саҳни ҳавлии он мавзеи хуби истироҳатию фароғатӣ бунёд мегардад.Ҳамзамон то таҷлили ҷашни 20-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз услубу санъати хоси сохтмонию меъмории муосир дар шафати Қасри «Арбоб» чойхонаи боҳашамати миллӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ дар чойхонаи миллӣ аз ҷониби ҶММ «Евростройсервис» пеш бурда мешаванд. Оқил Оқилов мутасадиён ва сохтмончиёни ин иншооти аҳамияти таърихи доштаро вазифадор кард, ки то таҷлили ҷашни 20-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таъмирию таҷдидсозӣ ва сохтмониро дар иншооти мазкур бо риояи тамоми услубу санъати меъморию сохтмонӣ ба анҷом расонида иншоотро саривақт мавриди баҳрабардорӣ омода намоянд. Дар шаҳри Истаравшан Оқил Оқилов ва ҳайати ҳамроҳонаш бо вазъи азнавсозии варзишгоҳи марказӣ шинос шуда барои тезонидани корҳои азнавсозӣ ва саривақт ба анҷом расонидани онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.Тавре таъкид шуд, варзишгоҳи марказии шаҳр барои бист ҳазор тамошобин пешбинӣ шуда барои идомаи корҳои азнавсозӣ ва сабзу хуррамгардонии гирду атрофи он аз ҷониби Ҳукумати мамалакат 2,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар идомаи сафари кории худ Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов аз маҳалли сохтмони нақби Шаҳристон боздид ба амал оварда ба сохтмончиёну нақбканон барои бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин иншооти азим дастуру супоришҳои мушахас дод. Дар роҳи бозгашт аз сафари корӣ Оқил Оқилов бо ҳолати кунунии роҳҳо ва нақби «Истиқлол», ки дар ҳаракати мунтазамми нақлиёт ва пайванди маркази ҷумҳурӣ бо шимоли мамлакат нақши муассир доранд шинос шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






