Боздиди парламентарҳои тоҷик аз қароргоҳи СААШ

Июль 9, 2012 15:32

Душанбе, 9 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Гурўҳи вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон – Сайфулло Гиёев, Насрулло Маҳмудов, Баракатулло Атохоҷа ва Абдузафар Имомов дар нишасти парламентарҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки бо ибтикори бахши ҷамъиятии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ /НАТО/ дар Белгия доир гардид, иштирок намуданд. Дар доираи нишасти мазкур таҳти унвони «Дурнамои ҳамкории Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ» сўҳбати мизи мудаввар доир гардид, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагон Сайфулло Гиёев доир ба мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ табодули назар кард. Мавсуф зикр намуд, ки сиёсати пешгирифтаи Раҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз» буда, он барои тавсеаи робитаҳои устувору судманд ва дўстонаи Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ки ба истиқлолияти давлатӣ, манофеи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром мегузоранд, мусоидат менамояд. С. Гиёев ба масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо НАТО дахл намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон асосан дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб бо ин созмон қадамҳои ҷиддӣ мегузорад. Вакили парлумони Тоҷикистон ҳамзамон таваҷҷўҳи аҳли нишастро ба қазияи Афғонистон ҷалб намуда, гуфт, ки Тоҷикистон аз рўзҳои нахустин бо нерўҳои байналмилалии зиддитеррористӣ ҳамкорӣ дорад. Мавқеи Тоҷикистон дар мавриди ҳалли қазияи Афғонистон ва таъмини сулҳу субот дар ин сарзамин борҳо тавассути суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд садо додааст. Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҳамзамон истифодаи таҷрибаи сулҳи тоҷиконро дар мавриди ҳалли низоъ ва таъмини сулҳу оромӣ дар сарзамини Афғонистон таъкид кард.

Июль 9, 2012 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад