Чаро ронандаҳо бақияи роҳкироро барнамегардонанд?

Июль 31, 2012 13:22

Душанбе, 31 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки то охири соли равон 150 адад микроавтобусҳоро харидорӣ намояд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Абдулҳақ Оев, муовини раиси шаҳри Душанбе, ки масъули бахши нақлиёт ва коммуникатсияи пойтахт аст, иттилоъ дод. А. Оев гуфт, ки ҷиҳати харидории микроавтобусҳо ду маротиба тендер гузаронида шудааст. Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки бо дарназардошти беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар бахши нақлиёти мусофиркашонии шаҳрӣ алҳол дар баъзе хатсайрҳои пойтахт беш аз 50 адад микроавтобусҳои тамғаи «Mercedes», ки ҷавобгўи стандарт буда, аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ворид карда шудаанд, дар хатсайрҳои №12, 52, 25 ва 4 ҳаракат менамоянд. Муовини раиси шаҳр гуфт, ки новобаста ба оне, ки ҳар рўз дар хатсайрҳои гуногуни пойтахт 339 адад воситаҳои нақлиётӣ — автобусу троллейбусҳо ва 1200 микроавтобус ҳаракат намуда, ба аҳолии пойтахт хизмат мерасонанд, дар бахши хизматрасонии нақлиёти шаҳрӣ ба сокинон камбудиҳои зиёд ҷой доранд, ки нисбати ҳалли онҳо тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Муовини раиси шаҳр ҳамзамон ба масъалаи тарифҳои ҳамлу нақл дар нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ дахл намуда, гуфт, ки дар ин давра беш аз 1200 ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ҷиҳати риоя накардани қарори раиси шаҳр «Дар бораи муайян намудани тарифҳои ҳамлу нақли воситаҳои нақлиётӣ», ки тобистони соли 2011 қабул гардида буд, инчунин фаъолияти ғайриқонунӣ, бидуни иҷозатнома ва ҳуҷҷати ронандагӣ ҳаракат намудан, иваз кардани хати сайр ва дигар қонуншиканиҳо боздошт гардида, ба андозаи 400 сомонӣ аз онҳо ҷарима баста шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки дар асоси қарори марбута ҳаққи роҳкиро дар микроавтобусҳое, ки ба таври «экспресс» ё худ то нуқтаи охири хатсайр ҳаракат менамоянд, 1 сомонию 60 дирам ва микроавтобусҳое, ки самти ҳаракаташон то охирин нуқтаи хатсайр нест 80 дирам муқаррар гардида буд. Мутаассифона, аксарияти ронандагони микроавтобусҳо аз мусофирон 2 сомонӣ гирифта, бақияи маблағи мусофиронро барнамегардонанд, ки дар аксар маврид он ба якдигарнофаҳмӣ ва ҷанҷоли байни ронандагону мусофирон оварда мерасонад. Мушкили барнагардонидани бақияи роҳкирои мусофиронро ронандагон дар камчин будани танга –дирам медонанд, ки бояд онҳоро роҳбарони корхонаҳои мусофиркашонии нақлиётӣ бо танга таъмин созанд. Муовини раиси шаҳр мегўяд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ҳар рўз дар хатсайрҳо бо иштироки намояндагони сохторҳои марбута рейдҳо гузаронида мешаванд.

Июль 31, 2012 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад