Эмомалӣ Раҳмон: «фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ таъмин карда шавад»!
Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯзи 19 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо роҳбарону мутахассисон ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуд. Дар машварат нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва иҷрои амру фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳо дар 6 моҳаи якуми соли равон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва вазифаҳо барои оянда мушаххас карда шуд. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба истифодаи пурсамари заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ, рӯёндани ду ва зиёда ҳосил, таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ, захира кардани маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва хӯроки чорво барои зимистон зоҳир карда шуд. Дастур дода шуд, ки «аз соли оянда дар заминҳои обӣ танҳо тухмиҳои хушсифати ғалла кишт карда шавад, то ки аз ҳар га на кам аз 50 сентнер ҳосил ба даст ояд». Таъкид гардид, ки «дар сурати кишти ғалла дар 200 ҳазор га замини обӣ ва ба ҳисоби миёна рӯёндани 50 сентнерӣ аз га 1 миллион тонна ғалладона ҷамъоварӣ мешавад, ки ин ба 90% талаботи бозори дохилӣ баробар аст ва ин бе назардошти ҳосил аз заминҳои лалмӣ». «Васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва рӯёндани 2-3 ҳосил аз заминҳои обӣ омили муҳими таъмини амнияти озуқавории кишвар аст», — таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ба масъулини соҳа доир ба тезондани корҳо дар ин самт ва босамар истифода бурдани вақти барои ин кор боқимонда супоришҳои мушаххас дод. Ба масъулини давлатӣ дастур дода шуд, ки ташаббусҳои ибратбахшу судманди соҳибкорон, хусусан соҳибкорони истеҳсолиро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба бунёди ҷойҳои нави корӣ мусоидат намоянд. Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба бунёди корхонаҳои нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии кишвар дода шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз хисороти зиёди офатҳои табии имсола ва талаф ёфтани 12 кас ба масъулин барои вусъат додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва босамар истифода бурдани маблағҳо ва техникаю механизмҳои ҷудошуда дастуру ҳидоятҳо дод. Аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо бори дигар талаб карда шуд, ки қабули шаҳрвандонро дуруст ба роҳ монда, арзу шикояти онҳоро шунаванд ва ба додашон бирасанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз афзоиши ҷинояту қонуншиканӣ дар миёни ҷавонону наврасон изҳори нигаронӣ карда, доир ба тақвият додани таълиму тарбияи насли наврас супоришҳои мушаххас дод ва ҳамчунин падару модаронро ба эҳсоси масъулияти баланд дар парвариши фарзандон ҳидоят намуд. Нигаронӣ, ҳамчунин аз кам нашудани қонуншиканӣ дар тақсимоти замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ изҳор карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аҳли нишаст ва кулли мардуми кишварро бо фарорасии моҳи шарифи рамазон табрику таҳният гуфта, нафарони сарватманду саховатпешаро ба кумаку дастгирии мискинон, ятимону бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон, мусофирон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ҳидоят кард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини дахлдори ҷумҳуриявиро шунида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки тавассути таъмини бозор бо молҳои арзону фаровон аз болоравии сунъии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар моҳи шарифи рамазон пешгирӣ карда шавад. Аз роҳбарияти Кумитаи оид ба корҳои дин ва Шӯрои уламои ҷумҳурӣ талаб карда шуд, ки дар миёни аҳли тиҷорат корҳои фаҳмондадиҳиро васеъ ба роҳ монанд, то ки онҳо дар ин моҳи шариф нархҳоро на қимат, балки арзон бояд кунанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.