Фаъолияти 178 ҳазору 892 субъекти хоҷагидор
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нимсолаи якуми соли 2012 дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар васоити ахбори омма маълумоти мухтасар чоп гардид, инчунин барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ конфронси матбуотӣ доир карда шуд, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти истифодабарандагони маълумоти оморӣ ва шаффофияти он 18 пахши иттилоотӣ бо се забон чоп ва хазинаи маълумот дар вебсайт нав карда шуд,-иброз дошт директори Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ Бахтия Муҳаммадиева имрӯз, 23 июл дар нишасти матбуотӣ.Ба гуфти Б.Муҳаммадиева аз 1-уми июли соли 2009 то 1-уми июли соли ҷорӣ шумораи субъектҳои бақайдгирифташуда дар «Равзанаи ягона» 230 ҳазору 586 ададро ташкил намуд, ки аз онҳо 204 ҳазору 898 ададашон соҳибкорони инфиродӣ буданд. Дар ин давра 51 ҳазору 694 субъекти хоҷагидор барҳам дода шуд, ки аз онҳо беш аз 51 ҳазорашон соҳибкори инфиродӣ буданд. Б. Муҳаммадиева ҳамчунин иброз дошт, ки дар айни замон дар саросари ҷумҳурӣ 178 ҳазору 892 субъекти хоҷагидор фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 24 ҳазору 724-тояшонро шахсони ҳуқуқӣ, 320 филиал-намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва 153 ҳазору 843 нафар соҳибкорони инфиродӣ мебошанд. Директори Агентии назди Президенти ҷумҳурӣ Б.Муҳаммадиева аз хабарнигорони ватанӣ хоҳиш намуд, ки дар истифодаи рақамҳои оморӣ ба таҳриф роҳ надиҳанд, то дар саҳифаҳои матбуоти хориҷӣ пешрафти иқтисодиёти мо нодуруст инъикос нагардад.Тавассути саволу ҷавоб қариб тамоми фаъолияти Агентӣ таҳлил гардид.Хабарнигорон ба беш аз 20 саволи худ аз ҷониби мутахассисони Агентӣ, ки дар нишасти матбуотӣ иштирок доштанд, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






