Фаъолияти корхонаҳои истихроҷи нафту газ дар ҷумҳурӣ

Июль 31, 2012 14:31

Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дар нимсолаи аввали соли 2012 дар корхонаву муассисаҳои соҳаи истихроҷи нафту газ ба миқдори 7001 ҳазор метрии мукааб гази табиӣ истихроҷ гардида, ба аҳолию корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, қисман шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Ҷ.Румӣ, Сарбанд, Исфараю Конибодом интиқол дода шуд. Сехи КВД «Нафтугаз ва ангишт» истихроҷи нафтро дар ин давра ба 1480 тонна расонида, иҷрои нақшаро 164,4 % иҷро намуд, ки ин нисбат ба нақша 580 тонна ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 570 тонна зиёд мебошад. Суръати афзоиш 162,6 % ва ба ҳисоби молӣ 179,4 % — ро ташкил намуд. Шумораи чоҳҳои баҳрабардор 15 адад буда, аз ин 8 адад газӣ ва 7 то нафтӣ мебошад. Тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ҶММ «Салоса» — истихроҷи нафтро ба 3843 тонна расонида, иҷрои нақшаро 18 тонна зиёд ё ин ки 100,5 % таъмин намуд. Суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,5 % — ро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби молӣ 2516 ҳазор сомонӣ мешавад, ки ин нисбат ба нақша 616,2 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 253,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҷамъият нафти вазнини истеҳсолшударо дар дохили корхона коркард мекунад ва маҳсулоти тайёр ба корхонаву ҷамъиятҳои ҷумҳурӣ фурӯхта мешавад. Чоҳҳои маҳсулотдиҳандаи ҷамъият 20 ададро ташкил медиҳанд.

Июль 31, 2012 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад