Форуми ЮНЕСКО дар Бишкек

Июль 5, 2012 17:15

Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар»). — Дафтари минтақавии ЮНЕСКО (ш. Алмаато) 27 — 29 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек Форуми байналмилалиро дар мавзӯи «Ҳамзистиро меомӯзем», барои пешгирӣ кардани муноқиша ва ҳолатҳои фавқулодда, ки яке аз мавзӯъҳои асосии форум ба ҳисоб мерафт, гузаронид. Форуми мазкур бо дастгирии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Қирғизистон ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО-и Ҷумҳурии Қирғизистон амалӣ гардид. Дар форум коршиносон аз вазоратҳои маорифи давлатҳои узви ИДМ, намояндагони пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ғайридавлатӣ ва ҳамчунин кормандони комиссияҳои миллии давлатҳои аъзои ЮНЕСКО ширкат варзидандДар доираи Форум вохӯрии вазирони маориф ва вазирони фарҳанги кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор гардид.Бо назардошти муҳимияти самти маориф коршиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати фаъол намуда, оид ба масъалаҳои омўзиши кӯдакони маъюб, кӯдакони лаёқатманд ва беҳтар намудани сифати таълими таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки диққати махсусро талаб карда ба методҳои нави таълимӣ ниёз дорад, маълумот доданд. Мақсади асосии форум, ин дастгирии ташаббуси кормандони сохторҳои таълимӣ ва мубодилаи афкор дар самти пешгирии ҳолатҳои муноқишавӣ дар давлатҳои узви ИДМ ба шумор мерафт. Дар рафти кори Форум коршиносон оид ба ташаккули сиёсати таълимӣ ва амалӣ намудани стратегияи таълимӣ дар самти пешгирии муноқишаҳо бо назардошти арзиши маънавӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пойдории сулҳ, баробарии гендерӣ ва нуфузи иҷтимоӣ пайдо намудани гурӯҳи осебдида дархост ва пешниҳодҳои худро иброз доштанд.Кори Форум дар се бахш давом ёфта, масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла: Ҳалли мушкилиҳо дар давраҳои баъди муноқишавӣ, таълимот ҳамчун воситаи ҳамгироии ҷомеа, пешгирӣ ва ҳаллӣ баҳсҳо, баррасии масъалаҳои гендерӣ дар системаи маориф, мақсад ва самти афзалиятноки ёрии техникӣ ва молӣ дар ҳолатҳои баъдиҷангӣ, пешгирии ВМНО (ВИЧ/СПИД) ва тачрибаи Тоҷикистон, хамчун модели намунавӣ, баррасӣ гардиданд.Дар Форум вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва аз номи вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи таҳсилотии Чумҳурии Точикистон Ирина Каримова суханронӣ карданд. Дар фарҷом, котиби масъули комиссияи миллӣ Ш.Абдураҳимова аз номи ҳайат сухан ронда, бори дигар саривақтӣ ва муҳим будани Форумро қайд кард ва пешниҳоди ҳуҷҷати ниҳоии Форумро барои пайгирӣ ва амалисозӣ ба сарони давлатҳои узви ИДМ эълом доштанд. Комиссияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО ҷихати татбиқи сиесати хориҷии кишвар ва пайгирии паёми Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Рахмон дар самтҳои маориф, илм ва фарҳанг пайваста бо истифода аз потенсиали дохили кишвар ва Созмони миллали ЮНЕСКО мусоидат хоҳад кард, — изҳор дошт Ш. Абдураҳимова.

Июль 5, 2012 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад