Фотеҳ Мухторов- соҳиби медали нуқра
Душанбе, 20 июл. (АМИТ “Ховар”, Аловиддин Бӯриев).-Паҳлавони тоҷик Фотеҳ Мухторов дар мусобиқаи кушоди Аврупо оид ба сумо дар Итолиё сазовори медали нуқра гардид.Мусобиқа дар шаҳри Венетсияи Италия давоми ду рӯз идома кард ва дар он варзишгарони даҳ кишвар ширкат доштанд. Ғайр аз Фотеҳ Мухторов Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Муҳаммад Сафаров низ муаррифӣ кард. Ба Фотеҳ Мухторов муяссар шуд, ки бар се рақиби худ аз Норвегия, Лаҳистон ва Олмон пирӯз шуда, дар қувваозмоии ниҳоӣ аз рақиби итолиёвиаш мағлуб шавад ва мақоми дуввуми ифтихориро ба даст орад. Муҳаммад Сафаров, ки дар чунин мусобиқа бори аввал иштирок дошт, ба комёбӣ муваффақ нашуд.Фотеҳ Мухторов дуввумин медали худро дар силсилаи мусобиқот оид ба сумо комёб шудааст. Аввалин маротиба ӯ моҳи июни соли гузашта дар мусобиқаи кушоди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Лас-Вегас дар рақобатҳо дар вазни беш аз 115 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуда буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






