Гаравгонон озод шуданд

Июль 28, 2012 14:31

Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар»).- Бино ба иттилои дафтари матбуотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 корманди Прокуратура, ки рӯзи 24-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ гаравгон гирифта шуда буданд, озод карда шудаанд. Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, шаби 24-уми июли соли 2012-ум тахминан соати 03-30 дақиқа, пеш аз оғози амалиёти махсус як гурӯҳ силоҳбадастон ба ҷои зисти гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералӣ бо мақсади ба гаравгон гирифтани онҳо ҳуҷум карда, панҷ нафари онҳоро гаравгон гирифта, ду адад автомати тамғаи АКС-74-и онҳоро тасарруф намудаанд.

Июль 28, 2012 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш