Хайрияи ҳайати дипломатии Душанбе ба нобиноёни Ҳисор
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар мактаб-интернати кӯдакони нобино ва сустбини ноҳияи Ҳисор 5 июли соли равон чорабинии хайриявӣ бо иштироки сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон барпо гардид. Боиси ёдоварист, ки 6 майи соли 2012 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и Душанбе аз ҷониби Анҷумани Сафирони Душанбе Фестивали байналмилалии хайриявии озуқаворӣ ташкил карда шуда буд. Зимни он аъзоёни намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқии муқими шаҳри Душанбе, инчунин кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анвои гуногуни хӯрокаи миллии худро ба фурӯш гузоштанд. Шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ва хориҷиён дар ин чорабинӣ ширкат варзида, аз хӯроки миллии тоҷикӣ ва таоми кишварҳои хориҷӣ харидорӣ намуда буданд. Аз рӯи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Анҷумани Сафирони Душанбе ва дастгирии Бунёди хайриявӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи дар рафти фестивали мазкур дастрасшуда ба мактаб-интернати кӯдакони нобино ва сустбини ноҳияи Ҳисор аз рӯи талаботи онҳо варақаҳои махсус барои чопи китоб барои кӯдакони нобино, дафтарҳо, китобҳо, маводҳои канселярӣ, кондитсионер ва дигар маводи лозима хайрия карда шуданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






