Имзои Созишномаҳои байниҳукуматӣ омили рушди устувори ҳамкориҳост
Душанбе, 11 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рўзҳои 11 ва 13 июли соли равон ҷараён мегирад, маҷмўи санадҳои байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ миёни ҳар ду кишвар ба имзо мерасанд. Аз Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳошияи сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон ба ин кишвар дар Боку Созишномаҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои ҳуқуқ, тандурустӣ, кишоварзӣ, сиёсати ҷавонон ва туризм, Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаҳои миллии Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии Олимпии Ҷумҳурии Озарбойҷон, Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Боку, инчунин Протоколи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расонида мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Озарбойҷон дар бахшҳои мухталиф ва дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ сол аз сол густариш ёфта, далели иродаи сиёсии Сарони ҳар ду кишвар мебошад. Моҳи майи соли равон аз барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Озарбойҷон 20 сол сипарӣ гардид. Ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон низ беш аз пеш тавсеа меёбад. Тибқи маълумоти Агентии омори кишвар мубодилаи мол байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар зарфи панҷ моҳи соли равон 18 миллион долларро ташкил додааст. Интизор меравад, ки бо ифтитоҳи масири ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбею Боку, ки аз сўи ширкати ҳавонавардии «Тоҷик Эйр» ба роҳ монда шуд, ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар бахшҳои гуногун боз ҳам тақвият хоҳад ёфт.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






