Иншоот дар деҳаи Кадучи
Восеъ, 4 июл. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар арафаи ҷашни 15–умин солгарди ба имзо расидани «Созишномаи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ» сокинони деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд. Бояд қайд намуд, ки деҳаи мазкур дар ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов калонтарин буда, дар он беш аз 10 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад ва дар давоми 15 сол аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд. Дар деҳаи мазкур бо дастгирии ҳукумати ноҳия соҳибкорони маҳаллӣ дар ду мавзеъ дар чуқурии 100 ва 150 метр чоҳҳои амудӣ канда насосҳои обкаширо васл намуданд. Барои таъмини пурраи аҳолӣ бо об зарфҳои 50 куба гузошта ба ҳар як кӯча се чор нуқтаи об гузарониданд. Мувофиқи ташхиси мутахассисон оби чоҳҳои кандашуда тоза, безарар ва барои истеъмол мувофиқ аст.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






