Истифодаи мақсадноки маблағҳои грантӣ
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Дар нимсолаи аввали соли 2012 аз тарафи корхонаҳои тобеи Корхонаи воҳиди давлати (КВД)-и «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба мизоҷон ба маблағи 4 млн.828,6 ҳазор сомонӣ хизмати коммуналӣ расонида шудаасст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 29 фоиз зиёд аст,-иброз дошт директори кулли КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» А. Тағоймуродов ҳангоми баргузории нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.Ба иттилои манбаъ, фоидаи молиявии корхонаҳои хоҷагии коммуналӣ дар нимсолаи аввали соли 2012 1 млн. 770 ҳазор сомонӣ ва маблағи даромад аз ҳисоби хизматрасониҳои корхонаҳои соҳаи манзилию коммуналӣ бошад дар ин давра 15 млн.888,9 ҳазор сомониро ташкил намудааст.Директории кулли «Хоҷагиии манзилию коммуналӣ» А. Тағоймуродов аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар давоми мавҷудияти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ягон нафар корманди соҳа ба ҷавобгарии молиявӣ ва ё азхудкунии маблағҳои воридотии ташкилоти байналмилалӣ ва бонкҳои молиявии ҷаҳонӣ роҳ надодааст. «Ин мазмуни онро дорад, дар КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» назорати молиявӣ аз болои маблағҳои грантӣ ва қарзӣ дуруст ба роҳ монда шуда, маблағи ба корхона ҷудогардида самаранок истифода мегардад»,-афзуд А. Тағоймуродов.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






