Иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ

Июль 28, 2012 13:44

Душанбе, 28 июл. (АМИТ “Ховар”).-21-уми июли соли 2012-ум тахминан соати 17:30 дақиқа дар маҳаллаи Наводаки шаҳри Хоруғи ВМКБ гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони силоҳбадаст, иборат аз 15-20 нафар, ки аъзоёни гуруҳи ҷинояткори Аёмбеков Толибек Абдураҳмонович мебошанд, ба автомашинаи хизматии сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ Назаров Абдулло Сайдуллоевич ҳуҷум намуда, бо истифода аз яроқи сард Назаров Абдулло Сайдуллоевичро бо расонидани ҷароҳатҳои зиёд дар қисми косахонаи сар ва қафаси сина, ханҷар задан ба дили ӯ ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида, дигар кормандони Раёсати КДАМ дар ВМКБ Аюбов О.И., Раҷабов С.Х., Ҳусейнов И.С. ва ронанда Давлатбеков Ш.-ро лату кӯб намуда, се адад яроқи оташфишон, як адад автомати тамғаи АКС-74 ва ду адад тапончаи тамғаи Макаров ва молу амволи Назаров А.С.-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Оиди ҳолати мазкур 21-уми июли соли 2012-ум аз тарафи прокурори ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаҳои 104 қисми 2, бандҳои «б,е,и,л», яъне одамкушӣ вобаста ба фаъолияти хизматӣ, бо бераҳмии махсус, марбут ба роҳзанӣ ва ба мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти дигар, 199 қисми 4 бандҳои «а, б», яъне тасарруфи яроқ ва лавозимоти ҷангӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил, бо истифодаи зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст, 328 қисми 2, яъне истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият, ки ба ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст. Зимни тафтиши парвандаи ҷиноятии мазкур муайян карда шуд, ки Аёмбеков Толибек Абдураҳмонович ва Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич ҳанӯз аз солҳои 1996-1997 баъди ҷанги шаҳрвандӣ гарчанде ба сохторҳои қудратии ҳукуматӣ шомил гардида, ба хизмат шурӯъ карда бошанд ҳам, ҳамаи силоҳҳои оташфишони худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ насупорида, гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ташкил намудаи худро пинҳонӣ нигоҳ медоштаанд. Гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ таҳти роҳбарии Имомназаров Имомназар Оғоназарович ва Маҳмадасламов Ёдгор бошанд, солҳои 1996-1997 баъди ҷанги шаҳрвандӣ қисми зиёди яроқҳои худро насупорида, пинҳонӣ ва ошкоро фаъолият намуда, ба ҳаёти осоишта нагузаштаанд. Дар давоми солҳои 2000-2012 ин чор гурӯҳи ҷинояткор дар атрофи худ ҷавононро ҷамъ ва мусаллаҳ намуда, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили бандитизм, одамкушӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ, бетартибиҳои оммавӣ, муомилот ва қочоқи маҳсулоти тамоку, муқобилияти мусаллаҳона ба мақомоти давлатӣ, азонихудкунии маблағҳои бо роҳи кредит додашуда, саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо ва дигар ҷиноятҳо содир мекунанд. Ҷамъ дар ин давра зиёда аз 20 ҷинояти бевосита аз ҷониби худи онҳо ва аъзоёни гурӯҳҳои мусаллаҳи онҳо содиркарда ба қайд гирифта шудааст. Албатта шумораи воқеъии ҷиноятҳои содирнамудаи онҳо аз ин ҳам зиёд мебошад, лекин бисёр ҷиноятҳои содирнамудаи онҳо бинобар аз тарс ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накардани ҷабрдидаҳо дар қайд нестанд. Мувофиқи маълумоти оперативии мақомоти махсус онҳо инчунин ба муомилот ва қочоқи маводи мухаддир, сангҳои қимматбаҳо ва хариду фурӯши одамон низ машғул мебошанд, ё ин ҷинояткоронро пуштибонӣ менамоянд. Инчунин онҳо ба мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ муқовимати мусаллаҳона нишон дода, фаъолияти муътадили онҳоро халалдор сохта, мақомоти умури дохила, прокуратура ва судиро намегузоштанд, ки вазифаҳои худро баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон иҷро намоянд. Чунончи, 20-уми июли соли 2006-ум Мамадбоқиров М.К. дар роҳ автомашинаи шаҳрвандон Одилов Г.К. ва Одилов Ҳ.К.-ро манъ карда, бо истифодаи тапончаи «Макаров» онҳоро таҳдид ва лату кӯб намуда, ба онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ расонидаву тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст. Инчунин, 23 июли соли 2006 байни гурӯҳҳои Мамадбоқиров М. ва Аёмбеков Т.А. дар кучаи марказии шаҳри Хоруғ тирпарронӣ сурат мегирад, ки дар рафти он шаҳрванд Додихудоева М.А. захмдор шуда, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ин гурӯҳҳо бо ин кирдорашон ҷиноятҳои авбошӣ, одамкушӣ бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматиро содир намудаанд. Баъди содир кардани ин ҷиноятҳо аз ҳозир шудан ба мақомоти тафтишот ва ҷавоб гуфтан барои кирдорҳои содирнамудаашон саркашӣ менамоянд. 17 августи соли 2006 кормандони РКД ВМКБ ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгир кардани ӯ меоянд. Мамадбоқиров М.К. бо гурӯҳҳои мусаллаҳи муташаккили ҷинояткор таҳти роҳбарии Аёмбеков Т.А., Мамадасламов Ё. ва Имомназаров И.О., якҷоя шуда, ба кормандони РКД вилоят ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои дастгир кардани ӯ машғул буданд, муқовимати мусаллаҳона нишон дода, ба тарафи кормандони милитсия тир холӣ мекунанд, ки онҳо зарари ҷисмонӣ мебардоранд. Баъди ин занон, ҷавонон ва мардонро ташкил мекунанд, ки ба назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва РКД вилоят омада, эътироз намоянд. Мардуми ҷамъомада дар ин маврид ба бинои РКД вилоят ҳуҷум намуда, дару тирезаҳои онро зада мешикананд ва зарари моддӣ мерасонанд. Худи ҳамин рӯз Мамадбоқиров М.К., дар якҷоягӣ бо Аёмбеков Т.А., Мамадасламов Ё. ва Имомназаров И.О. ба бинои РКД ҳуҷум карда, вориди бино мегарданд ва кормандони ВКД-ро беяроқ намуда, яроқҳои онҳоро тасарруф менамоянд. Аз ин ҷо ба назди бинои Ҳукумати вилоят рафта, ба он ҳуҷум намуда, дару тирезаҳои онро мешикананд. Бо ин кирдорашон ҷиноятҳои бетартибиҳои оммавӣ ва муқобилият ба намояндаи ҳокимиятро содир менамоянд. Ба ин монанд 14 марти соли 2008-ум Аёмбеков Т.А., бо дастаи мусаллаҳи устувори бо мақсади ҳуҷум ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо созмондодаи худ, тахминан иборат аз 30-35 нафар ба ноҳияи Роштқалъа омода ба гурӯҳи кормандони прокуратураи ВМКБ, ки ба санҷиши ташкилоту корхонаҳои таҳти сарпарастии Аёмбеков Т.А., қарор доштаву андоз намесупориданд машғул буданд, ҳуҷум намуда, 4 нафар корманди прокуратураро лату кӯб намуда, ба онҳо зарарҳои гуногуни ҷисмонӣ мерасонад, маводҳои санҷишии онҳоро дарронда, садди роҳи фаъолияти қонунии мақомоти прокуратура мегардад. Хамин тариқ, ин гурӯҳҳои мусаллаҳи муташаккили ҷинояткор таҳти роҳбарии Аёмбеков Т.А., Имомназаров И.О., Мамадасламов Ё. ва Мамадбоқиров М. муттаҳид гардида, иттиҳоди ҷиноятӣ ташкил намудаву ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин машғул гардидаанд. Инчунин, ҷинояткороне, ки ҷиноятҳои одамкушӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ, таҷовуз ба номус, роҳзанӣ, хариду фурӯши одамон, авбошӣ ва дигар ҷиноятҳоро содир намудаанд, онҳоро пуштибонӣ намуда, ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки пеши роҳи кирдори ғайриқонунии онҳоро мегирифтанд, муқобилият нишон медоданд. Масалан, Садомшоев Э., ки аъзои фаъоли гурӯҳи Аёмбеков Т.А. мебошад, рӯзи 10 июли соли 2011 бо нишони эътироз ба ҳукми суди ВМКБ нисбати Раҳмихудоев К.М. (ӯ барои одамкушӣ маҳкум карда шуда буд) гурӯҳи ҷавонони иборат аз 40-45 нафарро ҷамъ намуда, ба бинои суди ВМКБ ҳуҷум менамояд ва дохили бино даромада, ду муовини раиси суд ва се судяро лату куб намуда, тамоми дару тиреза, мизу курсӣ ва таҷҳизоти судро мешиканад. Номбурда аз ин ҷо баромада, ба назди бинои прокуратураи вилоят мереавад ва прокурори ВМКБ-ро ҳамроҳ бо чор нафар кормандони ӯ лату куб менамоянд. Бо дастгирии ҳамин гурӯҳҳои ҷиноятпеша имкон дода нашуд, ки Садамшоев Э. ба ҳабс гирифта шавад ва баъди аз ҷониби суд маҳкум гардидани он низ ӯ аз иҷрои ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ саркашӣ намуд. Чор ҳолати хариду фурӯши одамон (занҳо ва духтарони ноболиғ) дар вилоят ҷой доранд, ки бо таъсири ин гурӯҳҳо ошкор карда нашуда истодааст. Се нафари онҳо, аз ҷумла як духтари ноболиғи таваллуди 1995 аз шаҳри Хоруғ то имрӯз бедарак мебошанд. Куштори генерал Назаров А. низ бо мақсади муқобилият нишон додан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содир шудааст. Чунончи, аввали моҳи июни соли 2012-ум шаҳрванд Нодиров Р. бо автомашинаи тамғаи КАМАЗ рақами давлатиаш 01-63 АМ 01, 20 қуттӣ нӯшокиҳои спиртиро ба шаҳри Хоруғ интиқол дода, ба фурӯшандаи мағозаи назди корхонаи истеҳсоли нони шаҳри Хоруғ месупорад. Баъд рӯзи 5-уми июни соли 2012 бо автомашинаи КАМАЗ вориди дидбонгоҳи сарҳадии Ишкошим мешавад. Дар ин ҷо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номи Насим ва ҳаммаслакони ӯ ба автомашинаи мазкур 539 қуттӣ маҳсулоти тамоку «сигарет»-и тамғаи PENI – ро ба маблағи 675000 сомонӣ бор мекунанд. Номбурда вақти бозгашт дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Раёсати оперативии КДАМ дар минтақаи Кӯлоб дастгир карда шуда, бо моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне қочоқи маҳсулоти тамоку парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Тафтишот муайян намуд, ки ин маҳсулотҳои тамоку ба Аёмбеков Т.А., тааллуқ дорад ва мувофиқи маълумоти оперативии пешниҳоднамудаи Раёсати КДАМ ВМКБ дастгир карда шудааст. Дар ин замина, байни Назаров А. ва Аёмбеков Т.А., муноқиша ба вуҷуд меояд, ки оқибат бо супориши Аёмбеков Т.А., ҳаммаслакони ӯ аз гурӯҳи мусаллаҳи мутташаккили созмондодаи ӯ, Назаров А.-ро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд. Оиди ин ҳодиса аз ҷониби прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Барои пешбурди тафтишот аз ҷониби Прокуратураи генералӣ гурӯҳи тафтишотӣ дар ҳайати 5 нафар таҳти роҳбарии муовини Прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбӣ Саидов Х.Н. созмон дода шуда, 22 июли соли 2012 ба шаҳри Хоруғ сафарбар карда шудаанд. Аёмбеков Т.А. ва ҳаммаслакони ӯ аз иҷрои талаботи мақомоти тафтишот оид ба ҳозир шудан ва ҷавоб гуфтан дар назди қонун қатъиян саркашӣ намуданд. Дар вақти супоридани даъватнома ба ӯ оид ба ҳозир шудан, Аёмбеков Т.А. изҳор мекунад, ки ман бо даъватнома гап намезанам, ман бо яроқ гап мезанам. Кӯшишҳои зиёди комиссияи ҳукуматӣ оид ба халъи силоҳ ва супоридани ҷинояткорон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бе натиҷа анҷом ёфт. Онҳо ин пешниҳодро қатъиян рад намуда, баръакс ашхоси мусаллаҳро дар атрофии худ ҷамъ карда, ба муқовимати мусаллаҳона шурӯъ намуданд. Бинобар ин, аз ҷониби мақомоти умури дохила ва амният барои дастгир кардани ҷинояткорон ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо субҳи 24-уми июл амалиёти махсус гузаронида шуд. Аёмбеков Т.А. ва ҳаммаслакони ӯ ҷиноятҳои худро идома дода, зархаридони хориҷиро аз ҳисоби шаҳрвандони Афғонистон ҷалб намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тайи як рӯз муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, ҷиноятҳои нави ваҳшиёнаи махсусан вазнинро содир карда истодаанд. Аз бегоҳии 24 июл, ки оташбас эълон шудааст, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз онҳо талаб доранд, ки омада таслим шаванд ва яроқҳои худро ихтиёран супоранд. Лекин онҳо шартҳои оташбасро вайрон намуда, ба РКД вилоят ва қароргоҳи кормандони ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ шаби 27 июл ҳуҷуми мусаллаҳона карданд, ки дар натиҷа як нафар захмӣ гардид. Ҷинояткорон барои ҳимояи худ занон ва мӯйсафедонро ҳамчун сипари зинда истифода бурда истодаанд, ки ин кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар самти дастгир кардани онҳо душвор гардонида истодааст. Айни замон макони зисти ду гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон таҳти роҳбарии Мамадбоқиров М. ва Имомназаров И. пурра таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад ва шумораи зиёди аъзоёни ин гурӯҳҳо безарар гардонида шудаанд. Қисми аъзоёни гурӯҳи Аёмбеков Т.А., низ безарар гардонида шуданд. Ҷамъ зиёда аз 30-нафар аъзоёни гурӯҳҳои мазкур безарар гардонида шуда, 36 нафар ярадор гардидаву 5 нафар шаҳрвандони Афғонистон дастгир карда шудаанд. Муттаасифона, 17 нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ низ ба ҳалокат расида, 40 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Як нафар аз ҳисоби аҳолии осоишта ҳалок шудааст, ки он марди 58 сола буда, дар ҳамсоягии Имомназаров И. зиндагӣ мекард. Оид ба ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд. Инчунин шаби 24-уми июли соли 2012-ум тахминан соатҳои 03-30 дақиқа пеш аз оғози амалиёти махсус як гурӯҳ силоҳбадастон ба ҷои зисти гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералӣ бо мақсади ба гаравгон гирифтани онҳо ҳуҷум карда, панҷ нафари онҳоро гаравгон гирифта, ду адад автомати тамғаи АКС-74-и онҳоро тасарруф намуданд. Оид ба ин ҳодиса низ парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ оғоз карда шудааст ва тафтишоти он идома дорад. Мо ҳоло гурӯҳи тафтишотиро аз нав созмон додем ва ҳамаи ҷиноятҳои содирнамудаи гурӯҳҳои мусаллаҳи мутташаккили ҷинояткоронаи дар шаҳри Хоруғ фаъолиятдоштаро пурра ва ҳамаҷониба тафтиш намуда, масъалаи ҷавобгарии онҳо гузошта мешавад. Боварӣ ҳаст, ки амалиёти махсус оид ба дастгир кардани ҷинояткорон низ ба зудӣ анҷом меёбад.Маркази матбуотии  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 28, 2012 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад