Литсейи бачаҳои болаёқат

Июль 16, 2012 09:04

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои муовини раиси ноҳияи Ҷиргатол Баргигул Аббосова, дар замони истиқлолияти кишвар соҳаи маориф хуб рушд намуд. Дар 56 мактаби ноҳия ҳамаи хонандагон ба пуррагӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳодисаи аз мактаб қафо мондан ва ё аз мактаб гирифтани духтарону писарон вуҷуд надорад, ҳол он ки то давраи мустақилият ин масъала дар ноҳия доғи рӯз буд. Имрӯз дар ноҳия 56 мактаб дар хизмати фарзандони аҳолии ноҳия қарор дорад, ки аз он 27 мактаб таълимро ба забони қирғизӣ, 17-то ба забони тоҷикӣ ва дар 12 мактаб бо ду забон – тоҷикию қирғизӣ бачаҳо таълим мегиранд. Муҳим он аст, ки бачаҳо ҳарду забонро хуб медонанд ва касе садди роҳи таълими онҳо дар интихоби мактаб намегардад, мактабро падару модарон бо хоҳиши фарзандон интихоб мекунанд. Мактаббачагон дар соли хониши 2011 – 2012 дар ҳамаи озмунҳо ширкат намуданд, ҳатто се нафар хонандаи ноҳия дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида сазовори ҷойи аввал гардид. Ба гуфти Б. Аббосова дар соли таҳсили 2012-2013 ифтитоҳи як литсейи бачаҳои болаёқат дар назар дошта шудааст. «Бо боварӣ гуфта метавонам, ки шумораи бачаҳои болаёқат дар ноҳия хеле зиёд аст»,- афзуд муовини раис Б.Аббосова ба мухбири АМИТ «Ховар».

Июль 16, 2012 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд