Медали тиллоӣ ба нахустин Президенти Тоҷикистон
Душанбе, 20 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, ки ҳамзамон узви доимии Маҷлиси миллист, барои саҳми арзандааш дар рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо медали ҷашнии тиллоии «МПА СНГ-20 лет» (20 –солагии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/)сарфароз гардонида шуд. Медали ҷашнии тиллоиро дар маросими тантанавӣ дар фарҷоми иҷлосияи даҳуми палатаи болоии парлумони мамлакат Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллӣ ба Қаҳҳор Маҳкамов супорид. Ҳамзамон медали ҷашнии тиллоии ҷашни «МПА СНГ -20 лет» /20-солагии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ/ ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва ба собиқ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Сайдулло Хайрулоев, ки алҳол узви палатаи болоии парлумони кишвар аст, лоиқ дониста шуд. Ҳамзамон муовини аввали раиси Маҷлиси миллӣ, раиси вилояти Суғд — Қоҳир Расулзода барои фаъолияти густурдаю пурсамар дар бахши тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо мукофоти Олии Иттиҳод -ордени «Содружество» сарфароз гардид. Инчунин раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ Мамадшо Илолов ва Хусрав Абдуназаров- узви палатаи болоии парлумон бо медали ҷашнии нуқрагини «МПА СНГ-20 лет» қадрдонӣ гардиданд. Ба Қодири Қосим-муовини раиси Маҷлиси миллӣ, узви Маҷлиси миллӣ Ғайбулло Авзалов, собиқ аъзои Маҷлиси миллӣ Матлубхон Давлатов ва Нуриддин Саидов Ифтихорномаҳои фахрии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва ба Абдулҳафиз Азизов ва Садриддин Шарифов, ки узви палатаи болоии парлумонанд, Ифтихорномаҳои фахрии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё супорида шуд. Бо медали ҷашнии «МПА СНГ-20лет» Холбой Қурбонов- мудири шўъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ оид ба робитаҳои байнипарлумонӣ ва Шавкат Саидов -ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО, созмонҳои ғайридавлатӣ мукофотонида шуданд. Мавриди зикр аст, ки ҳайати бонуфузи парлумонии Тоҷикистон аз 15 то 20 майи соли равон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ ва дигар чорабиниҳои Ассамблеяи Бай¬нипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Ассамблеяи Пар¬лумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Конгресси 5-уми байналмилалии экологии Нева ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафари корӣ анҷом дода буд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






