Мулоқоти Э. Раҳмон бо Вазири молияи Туркманистон
Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистону Туркманистон, Вазири молияи Туркманистон Давлаткелди Содиковро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон ва ҷоннок намудани кори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии ду кишвар баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон, ки дар соли 2011 ҳамагӣ ба 194 миллион доллари амрикоӣ баробар будааст, ба имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкорӣ ҷавобгў нест.
Аз ин хотир изҳори боварӣ карда шуд, ки кори комиссияи муштарак ва сафари расмии қарибулвуқуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон ба ин раванд такони ҷиддӣ мебахшанд.
Интизор меравад, ки зимни ин сафар дар Туркманистон миёни ду кишвар як зумра санадҳои нави муҳим доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо мерасанд.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории минтақавӣ ва мусоидат ба бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афѓонистони ҳамсоя гуфтугў сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






