Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Конгресси Амрико
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз, 5 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро, ки таҳти сарварии узви Палатаи намояндагон Дэн Бэртон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Гуфтугӯи муфассали судманд доир ба роҳҳои густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва низомию амниятии Тоҷикистону Амрико сурат гирифт. Дэн Бэртон Тоҷикистонро «кишвари бисёр муҳим дар Осиёи Марказӣ» номида, нақши онро дар таъмини амнияти минтақавӣ «намоён» арзёбӣ намуд. Ӯ ташрифи чунин ҳайати баландпояи Конгрессро, ки бори нахуст сурат мегирад, «нишонаи ҳавасмандии амиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон» маънидод карда, изҳор дошт, ки «минбаъд чунин робитаҳо ва ҳам ҳамкории мутақобилан судманд рушд хоҳад кард». Таъкид гардид, ки Амрико кумакҳои техникии худро ба сохторҳои низомию амниятӣ, хусусан ба нерӯҳои сарҳадӣ ва мақомоти мубориза бо гардиши маводи мухаддир идома дода, аз соли 2014 ба баъд барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ афзун менамояд. Вакилони Конгресси Амрико, аз ҷумла изҳор доштанд, ки кишвари онҳо аз ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо дастгирӣ мекунад. Суҳбати ҳавасмандона, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, бартарафсозии монеаҳои сунъӣ ва густариши робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ тавассути эҳёи Шоҳроҳи Абрешим сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






