Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Соманахалли Малайя Кришна
Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Соманахалли Малайя Кришнаро ба ҳузур пазируфт. Соманахалли Малайя Кришна даъватномаи Президент ва Сарвазири Ҳиндустонро ба Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани сафари расмӣ ба ин кишвар тақдим намуд. Тавре зикр гардид, сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон, ки дар моҳи сентябри соли равон дар нақша аст, таконбахши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар хоҳад буд.Зимни суҳбат масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амниятию низомӣ ва фарҳангию маърифатии ду кишвар баррасӣ гардид. Аз натиҷањои 20 соли муносиботи дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин муддат 35 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шуда, заминаи хуби ҳамкорӣ муҳайё гардидааст. Бо иштироки сармояи Ҳиндустон оло дар Тоҷикистон 5 корхонаи муштарак фаъолият дорад ва нерўгоҳи Варзоб-1 навсозӣ мешавад.Бо зикри натиҷањои намоёни амкорӣ, ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда миёни Тоҷикистону Ҳиндустон ҳанўз хеле зиёданд. Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавии ду кишвар, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва доир ба барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон ва рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ тавассути қаламрави ин кишвар сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






