Нозирони тоҷикро сафар дар пеш аст
Душанбе, 24 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Раҷабалӣ Тағоев ва сармутахассиси Комиссияи мазкур Раҷабмурод Ашўров ба ҳайси нозир ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии Беларусро мушоҳида менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Абдуманнон Додоев- роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Мавсуф гуфт, ки иштироки намояндагони Тоҷикистон ба ҳайси нозир дар интихоботи парлумонии Беларус бо даъвати Сергей Лебедев- раиси Кумитаи иҷроия, котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ сурат мегирад. Намояндагони Тоҷикистон дар ҳайати нозирони ИДМ ҷараёни баргузории ин чорабинии муҳими сиёсиро дар Беларус мушоҳида мекунанд. Бояд тазаккур дод, ки 23 сентябри соли равон дар Беларус интихоботи парлумони ба палатаи поёнии парлумони ин кишвар- Маҷлиси намояндагон баргузор мегардад. Президенти Беларус Александр Лукашенко 18 июни соли равон фармонро дар мавриди муайян намудани санаи баргузории интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар ба тасвиб расонид. Парлумони Беларус- Маҷлиси миллӣ чун дигар кишварҳои ҷаҳон аз ду палата- Палатаи намояндагон ва Шўрои ҷумҳурӣ (палатаи болоӣ) иборат буда, вакилон ба мўҳлати чор сол тариқи баргузории интихобот намояндаи палатаи поёнӣ интихоб мегарданд. Палатаи мазкур аз 110 курсӣ иборат буда, шаҳрвандоне, ки синнашон аз 21 болост, ҳуқуқ доранд дар интихобот иштирок намуда, вакили палатаи поёнии парлумон интихоб гарданд. Ба Палатаи болоӣ- -Шўрои ҷумҳурӣ 64 вакил, асосан намояндагони шаҳру вилоятҳо аз ҷониби вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб мешаванд. 8 нафари аъзои палатаи болоии парлумон аз сўи Президенти Беларус таъин мегарданд. Интихоботи вакилон ба палатаи болоии парлумон аз 30 июни соли равон оғоз гардида, то 30 сентябри соли ҷорӣ идома меёбад. Шахсоне, ки тўли панҷ соли охир дар қаламрави Беларус зиндагӣ кардаанд ва синнашон аз 30 болост, ҳуқуқи иштирок дар интихоботи палатаи болоии парлумонро доранд. Палатаи болоӣ ба ҳайси палатаи намояндагони минтақаҳо шинохта шуда, самти фаъолияташ ба таъмини қабули қонунҳои сифатноку мукаммал ва суфта нигаронида шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






