Оғози олимпиадаи Лондон-2012

Июль 27, 2012 15:25

Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев)-Инак, имшаб дар пойтахти Англия- шаҳри Лондон дар соати 1 ба вақти Душанбе машъали Бозиҳои 30-юми тобистонаи олимпӣ шӯълавар мегардад. Расми бошукӯҳи кушоиши он ба таври хос ва хотирмон сурат хоҳад гирифт. Дар қатори варзишгарони 205 давлати ҷаҳон тоҷикистониён ҳам ба майдони варзишгоҳ ворид мешаванд. 10 500 варзишгар барои 302 маҷмӯаи медалҳо мубориза мебарад. 28 000 рӯзноманигор аз ин Бозиҳо гузоришҳои худро аз ҷои воқеа таҳия мекунанд.Баъди соҳибистиқлолии мамлакат аз соли 1992 сар карда, пайваста намояндагони кишварамон дар ин форуми варзишии ҷаҳон, ки ҳар чор сол як маротиба барпо мегардад, иштирок доранд. Ҳанӯз дар аввалин олимпиадаи баъди истиқлол дар шаҳри Барселонаи Испания аввалин шуда Андрей Абдувалиев дар гурзпартоӣ соҳиби медали тилло гардид. Дар олимпиадаи соли 1996 дар Сидней 9 нафар варзишгарони тоҷик иштирок карданд. Дар олиипиадаи соли 2000 бошад, ҳамагӣ 4 нафар варзишгари бо тавсияи Кумитаи байналмилалии Олимпӣ соҳиби роҳхатҳои имтиёздор шуданд. Дар олимпиадаи соли 2004 шумораи варзишгарони соҳиби роҳхатшуда афзуда, 9 нафарро ташкил дод. Дар ин бозиҳо ҳам ягон варзишгари тоҷикистонӣ натавонист ба кишвари мо медали олимпӣ орад. Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин. Тоҷикистонро акнун 15 нафар варзишгар, ки роҳхатро бо арақи ҷабин ба даст оварда буданд, муаррифӣ мекарданд. Юсуф Абдусаломов дар гӯштии тарзи озод аввалин медали нуқраро соҳиб шуд ва Расул Боқиев ҳам ба комёбӣ сарфароз гашта, сазовори медали биринҷӣ дар гӯштии дзюдо гардид. Ин ду медали паҳлавонони тоҷик нуфузи кишварамонро байни дигар мамолик боло бурд. Имсол бори аввал дар таърихи ҷумҳурии кӯчакамон 16 нафар варзишгар шарафи мамлакатро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон ҳимоя мекунанд. Мо ба онҳо комёбиҳо таманно мекунем.
 
Боксчиён аз ҳама аввалДар Бозиҳои олипии Лондон аз намояндагони кишварамон аввалин шуда боксчиёни кишвар Анвар Юнусов дар вазни 56 кг ва Собирҷон Назаров дар вазни 75 кг ба мусобиқа оғоз мекунанд. Маълумотномаи мо: Анвар Юнусов 1 феврали соли 1987 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии мамлакат, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 2004. Чемпиони Осиё, соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон. Дар Бозиҳои олимпии Пекин соли 2008 дар қатори 5 боксчии беҳтарин дар вазни худ дохил шудааст. Мураббиаш Мирзо Шамсиев. Узви клуби «Динамо»-и Маскав мебошад. Собирҷон Назаров, зодаи шаҳри Душанбе, 3 феврали соли 1991 ба дунё омадааст. Донишҷӯи соли аввали Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, аъзои дастаи мунтахаб аз соли 2006. Чемпиони Тоҷикистон дар солҳои 2009-2012 мебошад. Ғолиби Ҷоми клуби варзишии «Шоҳона» ва ҷоизадори мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Қазоқистон. Мураббии аввалинаш Алишер Темуров буда, ҳоло Алӣ Бобоҷонов ба ӯ машқ медиҳад. Сеюмин боксчие, ки дар мусобиқа ширкат мекунад Ҷаҳон Қурбонов аст. Ӯ рӯзи 30 июл ба майдон меояд. Ҷаҳон Қурбонов 12 феврали соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст Дастпарвари Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 2002. Чемпиони бозиҳои 15-уми Осиёӣ дар соли 2006, соҳиби ҷоизаи бозиҳои Осиё дар соли 2010. Дар Бозиҳои олимпии Пекин, соли 2008 дар қатори 5 боксчии беҳтарин дар вазни худ дохил шудааст. Соли равон дар Қазоқистон дар мусобиқаи интихобии олимпӣ сазовори медали нуқра шуда, роҳхати олимпиро сазовор гашт. Сокини шаҳри Хуҷанд.Ягона бонуи боксчӣ аз мамлакат Мавзуна Чориева мебошад,ки шарафи Тоҷикистонро дар олимпиада ҳимоя мекунад. Ӯ зодаи шаҳри Кӯлоб аст ва 1 октябри соли 1992 ба дунё омадааст, Донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, аъзои дастаи мунтахаб аз соли 2009. Чемпиони Осиё дар солҳои 2010 ва 2012. Дар чемпионати ҷаҳонӣ соли 2012 соҳиби медали биринҷӣ гардидааст. Узви клуби варзишии «Шоҳона» аст. Мураббияҳояш Носир Азимов ва Мирзо Муҳммадҷонов.

Июль 27, 2012 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сарбозони Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Хонандагони ноҳияи Ҳамадонӣ барои гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Хатлон омодагӣ мебинанд
Сарнишин аз Тоҷикистон дар фестивали байналмилалии парапланронӣ бо парчами давлатӣ парвоз анҷом дод
Дар қисматҳои баландкӯҳи ноҳияи Рашт кишти картошка идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид