Омода намудани пешхизматҳо бо донистани забонҳои хориҷӣ

Июль 9, 2012 16:44

Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба омӯзиши касбӣ аз рӯи ихтисоси «пешхизмат» бо донистани забонҳои англисӣ, арабӣ ва русӣ ҷалб намудани шаҳрвандони кишвар тасдиқ гардид. Ёдовар мешавем, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 20 апрели соли 2012 масъалаи рушди касбии захираҳои меҳнатӣ барои Тоҷикистон ҳамчун афзалияти муҳим ва муосир арзёбӣ шуд.Дар ҳамин замина, соли ҷорӣ 2 созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо Вазорати маориф ва Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати татбиқи ин супориш ба тасвиб расид.Созишномаҳои мазкур ҳама паҳлӯҳои ҳамкориро дар самти ба тайёрии касбӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор, корҷуён ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар муассисаҳои таълимии касбии системаи се сохтори давлатӣ дар бар гирифта, имконият фароҳам меоранд, ки теъдод ва сифати таълими касбии захираҳои меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ таъмин карда шавад.Дар ин раванд, аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти таълими касбӣ тавассути ташкили курсҳои кӯтоҳмӯҳлати касбомӯзӣ амалӣ гардида истодааст. Дар давоми нимсолаи якуми соли равон аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ, муассисаҳои таълими касбии он дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳо 32289 нафар шаҳрвандони бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои дар Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда 8346 нафар, тавассути худмаблағгузории шаҳрвандон 14787 нафар, ба воситаи намояндагии Кумитаи имдоди имом Ҳумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва дигар созмонҳо 2410 нафар ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуда, малакаҳои касбии 6746 нафар бо шаҳодатномаҳо тасдиқ гардиданд.

Июль 9, 2012 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст