Протоколи нави ҳамкории Тоҷикистон бо Туркманистон

Июль 26, 2012 14:19

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Нимаи аввали имрӯз дар шаҳри Душанбе Протоколи ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба имзо расид. Санади мазкурро вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ ва вазири молияи Туркманистон Давлаткелдӣ Содиқов имзо намуданд.Бояд тазаккур дод, ки ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки дуҷониба 24 июл ба кори худ шурӯъ намуда, дар он масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва саноат, кишоварзӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, гуманитариву тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Июль 26, 2012 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш