Раванди таҳсили донишҷўён дар хориҷа меафзояд

Июль 9, 2012 15:20

Душанбе, 9 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 700 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли равон ба донишгоҳу донишкадаҳои гуногуни Русия дохил шуда, дар зинаҳои бакалавр, магистр, аспирант ва шўъбаҳои тайёрӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Аз ҷумла, дар донишгоҳу донишкадаҳои Санкт-Петербург 39 бакалавр ва 31 магистр, Кемерово 80 бакалавр, Красноярск ва Томск 100 бакалавр, 30 магистр ва 20 аспирант, Новочеркес 50 бакалавр ва Воронеж 25 бакалавр фиристонида мешавад. Таҳсили донишҷўёни тоҷик дар мактабҳои олии Русия дар асоси Созишномаҳои байнидавлатӣ, ки миёни Тоҷикистону Русия ба имзо расидаанд, сурат мегирад. Бояд тазаккур дод, ки тибқи Созишномаи Болоня /Италия/ бакалавр, мутахассис, магистр ва аспирантура зинаҳои маълумоти олӣ буда, баъди гузаштани онҳо шахсон соҳиби дипломи доктор PJ мешаванд. Абдусаттор Одинаев — мудири бахши рушди таҳсилоти байналмилалии Вазорати маорифи кишвар дар сўҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки донишҷўёни тоҷик асосан дар риштаҳои марбут ба техникаю технология, муҳандисию геология ва дигар ихтисосҳои табиию риёзӣ, ки Тоҷикистон ба он ниёзи бештар дорад, ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Инчунин дар соли ҷорӣ ба мактабҳои олии Қазоқистон 100 нафар ва ба Украина 20 нафар донишҷў фиристонида мешавад. Ҳамзамон 80 нафар донишҷўёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва донишкадаи забонҳо ба курси яксолаи забономўзӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин мераванд.

Июль 9, 2012 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад