Роҳандозии ихтисосҳои нав дар Донишгоҳи бонуфуз

Июль 10, 2012 11:05

Душанбе, 10 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Панҷ ихтисоси нав соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, алҳол қабули довталабон аз рўи онҳо идома дорад»,- гуфт дар сўҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Қобилҷон Толибов, муовини раиси Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба таълим.
Ихтисосҳои нав, ки соли ҷорӣ бори нахуст дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ, иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои меҳмонхона ва тарабхона, фаъолияти рекламавӣ, иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот, саёҳат ва меҳмондорӣ мебошанд. Ихтисосҳои мазкур бо назарадошти талаботи бахшҳои мухталиф, ки кишварамон ба он бештар эҳтиёҷ дорад, ҷорӣ карда мешаванд. Қ. Толибов афзуд, ки алҳол дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон қабули довталабон, ки аз 20 июн оғоз шудааст, ҷараён дошта, он то 31 июл идома меёбад. Тибқи нақша дар соли таҳсили 2012-2013 ба Донишгоҳ 800 нафар донишҷў дар бахши рўзона ва 350 нафар дар бахши ғоибона қабул карда мешавад. Таҳсил дар Донишгоҳ ба таври шартномавӣ ба роҳ монда шуда, маблағи таҳсил барои як донишҷўи бахши рўзона дар як сол 950 доллар ва барои донишҷўи шўъбаи ғоибона 750 доллар аст.Супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ ба таври тестӣ сурат мегирад. Ҳамзамон ба донишгоҳ 75 нафар донишҷўён барои гирифтани маълумоти дуюм ба шўъбаҳои рўзонаю ғоибона қабул карда мешавад. Барои шахсоне, ки мехоҳанд маълумоти дуюмро дар бахши рўзона гиранд синнашон бояд то 35 бошад. Барои нафарони бахши ғоибона синну сол маҳдудият надорад.
 Бояд тазаккур дод, ки Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Тоҷикистон маҳсуб ёфта, соли равон аз таъсисёбиаш 25 сол сипарӣ гардид. Дар он наздики 6 000 донишҷў дар риштаҳои рўзонаю ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҳайати 400 нафараи олимону устодони Донишгоҳ ба донишҷўён аз рўи 18 ихтисос сабақ медиҳанд. Беш аз 25 нафар устодони Донишгоҳ курсҳои такмили ихтисосро дар кишварҳои хориҷӣ, назири Русия, Украина, Белорус, Лаҳистон, Испания ва Австрия гузаштаанд.

Июль 10, 2012 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд