Сафари кории Сарвари давлат ба шаҳри Роғун
Душанбе,10 июл. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун ташриф овард ва зимни он ҳамчунин бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи Роғун шинос шуда бо фаъолони шаҳр мулоқот анҷом дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо рафти барқарорсозии иншооти мавҷуда ва омодагӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз сатҳ ва сифати баланди корҳо изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: «ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки нерӯгоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад». Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин изҳор дошт, ки «нерӯгоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад». Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетию саҳмияҳои мардум ва масолеҳи сохтмонӣ дода шуд. Аз сифати хуби корҳои барқарорсозӣ ва омодагӣ ба идомаи сохтмон ва ҳамчунин табъу руҳияи баланди бунёдгузорони ин кохи нурофарин бараъло аён аст, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори худ кардаанд. Зимни мулоқот бо фаъолони шаҳри Роғун, ки бо иштироки масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ ва роҳбарони як зумра шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид, ба роҳбарияту аҳли заҳмати онҳо доир ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона, ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, омодагӣ ба зимистон, барои ду сол захира кардани озуқаворӣ, сӯзишворӣ ва хӯроки чорво супоришҳои мушаххас дод ва таъкид гардид, ки ин ба роҳбарони тамоми шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар низ дахл дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз афзоиши шумораи ҷинояткорию қонуншиканӣ дар миёни ҷавонону наврасон изҳори нигаронӣ карда, доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас, иҷрои босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дастуру ҳидоятҳо дод.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти иттилоотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






