Вазъи мелиоративии заминҳои обӣ беҳтар мешавад
Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ аз 31-уми апрели соли 2009 «Дар бораи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2010- 2014», соли 2012 дар асоси нақша ба маблағи 6 млн. 784 ҳазор сомонӣ корҳои мелиоративӣ анҷом дода шуда, дар масоҳати 9 ҳазору 690 гектар ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар гардонида мешавад,- иброз дошт муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои об Султон Раҳимов ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, то имрӯз аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории пешбинишуда ба маблағи 4 млн. 496 ҳазор сомонӣ корҳои мелиортивӣ ба анҷом расида, дар масоҳати 4 ҳазору 947 гектар шароити табииb замин ва ҳосилхез намудани он беҳтар карда шуд, ки он ба 51 фоизи нақшаи солона баробар аст. Корҳои мелиоративӣ тибқи нақша дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома доранд.Бо вуҷуди корҳои анҷом додашуда, бо сабаби саривақт пардохт накардани ҳаққи хизмати обрасонӣ қарзҳои кредитории вазорат 294,7 млн. сомониро ташкил медиҳанд, ки аз ин 37, 3 млн. сомонӣ қарзи андоз, 5 млн. сомонӣ қарзи музди меҳнат ва 13,7 млн.сомонӣ қарзи фонди ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






