1100 нафар шаҳрвандон дар «Хуаксин Ғаюр Семент» кор хоҳанд кард

Август 4, 2012 12:52

Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сафар кард. Дар ин мавзеъ Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Хатлон ва фаъолони ноҳия истиқбол гирифтанд. Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон нахуст аз рафти корҳои сохтмонии коргоҳи азими истеҳсоли сементи «Хуаксин Ғаюр Семент» оғоз ёфт. Сарвари Давлат дар ин ҷо бо ҷараёни корҳои сохмонӣ шинос гардида, баҳри вусъат ва саривақт сомон додани корҳои бозсозии ин коргоҳ ба роҳбарият ва сохторҳои ҷумҳуриявӣ дастуру супоришҳои муфид дод. Хабар дода шуд, ки сохтмони корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр Семент» тавассути сармояи соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардуми Чин ҷараён дорад.   Иқтидори истеҳсолии корхонаи «Хуаксин Ғаюр Семент» дар ноҳияи Ёвон як миллион тонна семент буда, сармояи умумии коргоҳи бунёдшаванда 100 миллион доллари амрикоӣ мебошад. Қарор аст, баъди баистифодадиҳӣ дар ин муассиса 1100 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷои кори доимӣ гарданд, ки аз рӯи шартнома 85%-и мутахассисон коргарони маҳаллӣ хоҳанд буд. Роҳбарияти иншоот хабар доданд, ки айни замон корҳои сохтмонӣ дар мавзеи асосӣ аз рӯи нақша идома доранд. Аз авали соли ҷорӣ то ин ҷониб дар ин иншоот корҳои омода гардонидани майдончаҳои зери сохтмон, кандани замин ба андозаи 100% иҷро гардидаанд. Аз авали моҳи июн сар карда, ба ширкат ҳамарӯза дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ ворид мегардад. Лозим ба зикр аст, ки «Хуаксин Ғаюр Семент» на танҳо дар Ҷумҳури Тоҷикистон, балки дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ калонтарин ба ҳисоб меравад. Захираи ашёи хом, ё бо забони техникӣ оҳаксанге, ки аз он семент истеҳсол карда мешавад, дар масоҳати се километр ҷойгир буда, он барои 80 соли оянда кифоят мекунад. бартарияти дигари «Хуаксин Ғаюр Семент» дар он аст, ки он тавассути ангишт фаъолият намуда, иқтидори истеҳсолии он низ зиёд, аз лиҳози экологӣ тоза ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад. Хабар дода шуд, ки барои фаъолияти якрӯзаи ин корхона бештар аз 40 тонна ангиштсанг сарф мегардад. Бо вуҷуди ин, арзиши аслии семент нисбат ба қиммати имрӯзаи он поинтар хоҳад буд. Феълан, дар қисматҳои асосии сохтмон корҳои бетонрезии таҳкурсиҳо ҷараён дорад. Шумораи коргарон барои анҷоми корҳои сохтмонӣ зиёда аз 400 нафар буда, аз ин теъдод 110 нафар коргарони чиноӣ ва боқимонда коргарони ватанианд.

Август 4, 2012 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад