Ахбори Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ

Август 29, 2012 16:48

Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар»).-Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонун вазъи риояву иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»-ро дар фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) ва Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мавриди санҷиш қарор дода, аз онҳо талаб намуд, ки қонуншиканиҳои дар фаъолияташон ошкоршударо бартараф намуда, аз натиҷааш ба Прокуратураи генералӣ хабар диҳанд.  ҲХДТ ва ҲКТ камбудиҳои ошкоршударо муҳокима намуда, чораандешӣ карда, дар мӯҳлати муқарраршуда ба мақомоти прокуратура хабар доданд. Мутаассифона, аз тарафи роҳбарияти ҲНИТ бо ҳар гуна баҳонаҳо, бархилофи талаботи қонунгузорӣ то ба имрӯз оид ба қонунвайронкуниҳои дар фаъолияти онҳо ошкоршуда тадбирандешӣ карда намешавад. Тибқи муқаррароти моддаи 93 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд. Гузашта аз ин, мувофиқи талаботи моддаҳои 4, 5, 23 Қонуни конститутсионии мазкур вазифаҳо ва салоҳияти мақомоти прокуратура аз таъмини волоияти қонун, назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шакли моликияти онҳо, аз тарафи шахсони мансабдори онҳо, инчунин ба қонунҳо мутобиқат намудани санадҳои ҳуқуқие, ки онҳо мебароранд, иборат мебошад. Санҷишҳои прокурорӣ дар фаъолияти ҲНИТ камбудию қонунвайронкуниҳоро ҳангоми ба узвияти ҳизб қабул намудани шаҳрвандон дар бахшҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳо ошкор намуд. Чунончӣ, тайи солҳои 2010 – 2011 бо қарорҳои бахши ҳизб дар шаҳри Исфара ба узвияти он 600 нафар қабул шуда бошад ҳам, дар ин хусус танҳо нисбат ба 80 нафар мавод мавҷуд ҳасту халос. Гузашта аз ин, дар асоси қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳрию ноҳиявӣ аз 26 январи соли 2010 – 24 нафар, 26 марти соли 2011 – 27 нафар, 17 апрели соли 2011 – 27 нафар ва 21 майи соли 2011 – 28 нафар шаҳрванд ба узвият қабул шуда бошанд ҳам, дар қарорҳо танҳо теъдоди аъзо дарҷ гардида, ному насаби онҳо нишон дода нашудааст. Тибқи муқаррароти Оинномаи Ҳизб ҳар як узви он вазифадор аст, ҳар моҳ ҳаққи аъзогиро пардохт намояд. Вале санҷиш нишон дод, ки зиёда аз 320 нафар узви Ҳизб, ки сокинони шаҳри Хуҷанд мебошанд, дар давоми чанд сол ҳаққи узвиятро пардохт накарда бошанд ҳам, то ҳол масъалаи аз узвият хориҷ кардани онҳо мавриди баррасӣ қарор дода нашудааст. Ҳол он, ки мувофиқи Оиннома иҷро накардани муқаррароти он яке аз асосҳои қатъ кардани узвият дар Ҳизб мебошад. Чунин ҳолатҳои сарфи назар кардани талаботи Оиннома, танҳо ба мақсади зиёд нишон додани шумораи аъзои Ҳизб ба амал бароварда мешавад. Айнан ҳамин тавр, аъзои бахши Ҳизб дар шаҳри Хоруғ низ мӯҳлатҳои тӯлони аъзоҳаққӣ намесупоранд. Ҳол он, ки мувофиқи гуфтаи раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Ш. Карамхудоев ягон маблағ аз ҳисоби аъзоҳаққӣ ба Ҳизб насупоридааст, баръакс кормандони бахшҳои Ҳизб дар шаҳри Хоруғ ва гирду атрофи он тавассути ӯ ҳар моҳ 600 сомонӣ аз ҳисоби ҲНИТ мегирифтаанд. Дар шаҳри Роғун ҳанӯз соли 2008 бахши Ҳизби мазкур ташкил шуда, сарвари он Р. Тоҳиров интихоб гардида бошад ҳам, дар асл номбурда зиёда аз 2 сол инҷониб дар Федератсияи Русия қарор дошта, ӯ бо бахши ин Ҳизб дар шаҳри Роғун алоқа надорад. Ҳолатҳои зиёди аз тарафи Ҳизб риоя накардани талаботи қонунгузории андоз, аз қабили ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта нашудани бахшҳои шаҳрию ноҳиявии Ҳизб ва дар ин замина насупоридани эъломияи андоз аз ҳисобот дар бораи фаъолияти молиявиашон ошкор карда шуд. Аз ҷумла, бахшҳои Ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом, Шаҳристон, Хоруғ, Кӯлоб, Норак, Бохтар, Вахш, Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Қумсангир, Панҷ, Ҷ.Румӣ, Қубодиён, Ҷиликул ва Шаҳринав ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта нашуда, ба мақомоти андоз ҳисобот пешниҳод накардаанд. Дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои аз тарафи аъзои Ҳизби мазкур содир намудани ҷиноятҳо низ ҷой доранд. Бахусус аз тарафи аъзои ҲНИТ дар давоми солҳои 2009-2012 содир намудани яқ силсила ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини дорои хусусияти экстремистию террористӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин давра 11 нафар аъзои фаъоли ин Ҳизб, аз ҷумла 4 нафар дар вилояти Хатлон, 5 нафар дар Суғд ва 2 нафар дар ноҳияи Рашт барои содир намудани ҷиноятҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, бо ҳукмҳои судӣ маҳкум шуданд. Чунончӣ, сокинони ҷамоати Навгилеми ноҳияи Исфара, бародарон Шариповҳо ва шаҳрванд Турсунов А. аз соли 2000-ум узви ҲНИТ буда, бо даъвати аъзои фаъоли иттиҳоди ҷиноятии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» Қаюмов А.А. созиши ҷиноятӣ баста, бо даъвату маслиҳати ӯ ба ин иттиҳоди ҷиноятии зери ниқоби дини мубини Ислом пинҳонӣ амалкунанда, ки мақсади ниҳоияш бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатҳои демократии дунявӣ дар қаламрави Осиёи Миёна мебошад, аъзо шуда, дар гурӯҳи мусаллаҳи устувор иштирок ва ба иттиҳоди ҷиноятӣ шомил гашта, ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин даст задаанд, ки онҳо барои ҷиноятҳои содирнамудаашон аз ҷониби суд маҳкум шудаанд. Айнан ҳамин тавр, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои фаврию ҷустуҷӯӣ узви Ҳизб Ф.Т. Рӯзибоев, сокини шаҳри Истаравшан, ки ба тарғиботу ташвиқоти ифротгароӣ машғул буд, бо аъзо ва тарафдорони гурӯҳи террористии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»-и шаҳри Исфара дастгир гардида, нисбат ба ӯ ва ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 307 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва пешбурди тафтишот ба анҷом расонида шуда, минбаъд аз ҷониби суд маҳкум карда шудаанд. Ё ин ки Ҳ.М. Давлатов ба сифати ноиби раиси шӯъбаи Ҳизби Наҳзати Ислом дар ноҳияи Рашт, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт фаъолият намуда, тобистони соли 2009 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо бародараш А. М. Давлатов бо лақаби «Алии Бедакӣ» ба иттиҳоди ҷиноятии экстремистию террористии ташкилнамудаи ӯ, ки он бо мақсади содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин таъсис шуда буд, ба ҳайси «таъминотчӣ» шомил мегардад. Баҳри кӯмак расонидан дар амалӣ намудани мақсадҳои ҷиноятпешаи ин иттиҳод, Ҳ.М. Давлатов барои аъзои дастаи бародараш A.M. Давлатов маводи хӯрокӣ, либосҳои ҳарбӣ, хайма, банд ва дигар лавозимотро барои дастгирии будубоши аъзои иттиҳод дар дараи Камаров ва тайёрии ҷангии онҳо бар зидди қувваҳои давлатӣ дастрас намудааст. Илова бар ин ӯ аввалҳои моҳи сентябри соли 2010 ҳангоми аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Рашт дастрас ва интиқол додани моддаҳои тарканда дастгир карда шуд. Нисбат ба А.М. Давлатов ва шарикони ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми пешбурди тафтиши пешакӣ онҳо бо ҳукми суд маҳкум карда шуданд. Айнан ҳамин тавр, аъзои фаъоли ҲНИТ, сокини деҳаи Новдонаки ноҳияи Рашт, вакили ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх аз ҳисоби ҲНИТ Назриддини Сафарзод барои ҷиноятҳои экстремистӣ-террористии содирнамудааш бо ҳукми суд маҳкум шудааст. Омӯзиши варақаҳои аз ҷониби ташкилоти экстремистии ғайриқонунии «Ҳизб-ут-Таҳрир» омоданамуда, ки 18 октябри соли 2010 дар ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар назди биноҳои истиқоматӣ дарёфт шудаанд, нишон дод, ки гӯё аъзои ҳизбу ҳаракатҳо ба монанди «Ал-қоида», «Салафия», «Ҷамъияти таблиғ», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ беасос дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Ҷой додани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар варақаҳои ташкилоти экстремистии “Ҳизб-ут-Таҳрир” ҲНИТ-ро водор менамояд, ки бо ташаббуси кӣ рух додани ин ҳолатро муайян намуда, баҳри бартараф намудани алоқаи эҳтимолии аъзои ҷудогонаи Ҳизб бо ин ташкилоти экстремистии “Ҳизб-ут-Таҳрир” тадбир андешад. Оид ба ин ҳодиса 26 октябри соли 2010 бо моддаи 289 қисмҳои 2 ва 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, 6 нафар аъзои «Ҳизб -ут- Таҳрир» ба ҳабс гирифта, маҳкум карда шуданд. Омӯзиш ва таҳлили таҷрибаи тафтишотию судии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятҳои аз ҷониби аъзои ҲНИТ содиркарда аз он дарак медиҳанд, ки дар баъзе ҳолатҳо аъзои Ҳизб дар як вақт ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ба монанди «Ҳизб-ут-Таҳрир» ва «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» шомил гашта, дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин низ иштирок намудаанд. Тавре ки дастгиршуда – аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Имомназаров И.О. — раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Ш. Карамхудоев нишон дод, шаби 23-юми июли соли 2012 ӯ бо даъвати додари И.О. Имомназаров – Султонназар Имомназаров ба қаҳвахонаи “Алёш”-и шаҳри Хоруғ рафтааст, ки дар он ҷо ҷавонони зиёд ҷамъ омадаанд. С. Имомназаров бо супориши бародараш И.О. Имомназаров ба ӯ ва дигар ҷавонон либоси ҳарбӣ ва яроқҳои оташфишон, аз қабили пулемёти Калашников, автоматҳои Калашников, гранатамёт, гранатаҳо ва дигар воситаҳои таркиши худсохт дода, ӯро сардори гурӯҳи 21-нафара таъин карда, мавқеи ҷойгиршавиашонро дар рӯ ба рӯи отряди сарҳадбонон, воқеъ дар шаҳри Хоруғ муайян кардааст. Шаби 23-юм ба 24-уми июли соли 2012 онҳо бо истифода аз яроқҳои оташфишон ва дигар воситаҳои тарканда ба муқобили ниҳодҳои ҳукуматӣ муқовимати мусаллаҳона намудаанд. Дар баъзе мавридҳо роҳбарон ва фаъолони Ҳизби мазкур минбари масҷидҳоро ба сифати ҷои пешбурди корҳои ташвиқотию таблиғотӣ истифода мебаранд, ки хилофи талаботи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» мебошад. Чунончӣ, муовини раиси бахши Ҳизб дар ноҳияи Ванҷ С.З. Адолатов моҳи январи соли 2012 маҷлиси бахши ноҳиявии Ҳизбро бо ҷалби 15-20 нафар аъзои он дар масҷиди деҳаи Мотравни ҷамоати деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ гузаронида, дар баробари ин дар ҳамин ҷой ба корҳои тарғиботӣ машғул шудааст. Маркази ахбори Прокуратураигенералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 29, 2012 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст