«Ба ёди он дӯст»
Дар ғарибӣ шунидам, ки гурӯҳи нохалафе ба ҷони дӯсти ҷониям Абдулло Назаров қасд карда, ӯро алорағми хости худованд ба ҳалокат расонидааст. Чун аз тафсилот воқиф гаштам, дуо кардам: Хоҳам он ҷанбаи бедоду ситам вайрон бод,Хоҳам он масканаи ҷабр мазористон бод.Хоҳам он Толибу он Имуму он Ёду Бақир,Сарнагун гашта, ба хуни худашон ғалтон бод!Мо бо Абдулло ҳангоми донишҷӯӣ дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистони шинос шудем. Замони ҷавонӣ буд. Одатан бачаҳо сараввал гирди нафаре бештар ҷамъ мегаштанд, ки қомати баланд ва дасту бозуи қавӣ дошта бошад. Камтар нигоҳ мекарданд ба дараҷаи дониш. Ин хислат баъдтар, баъди семестри якуми донишгоҳ аёнтар мегашт. Аммо аз дарсҳои семинарии аввал маълум гашт, ки Абдулло натанҳо қоматбаланд ва паҳлавонҷусса, зебо, хушсӯҳбат, ҳозирҷавоб ва ҳамзамон нексиришт аст, балки бо баҳои аъло мехонад. Тобистони ҳамонсол баъди семестри аввал сардори гурӯҳ сарвари отрияди сохтмонии факулта дар ш.Тюмень ва дар курси дуюм котиби Кумитаи комсомолии факулта интихоб гардид. Бо дипломи аъло донишгоҳро хатм кард. Ба Академияи улуми Тоҷикистон роҳхат гирифт. Дар нимароҳи омодагии кори илмӣ барои ҳимояи рисолаи номзадӣ ба Кумитаи бехатарии давлатии СССР ба кор даъват гардид. Баъди чанд сол ҳангоме, ки банда дар докторантураи Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар Москва таҳсил мекардам, як бегоҳ Абдулло маро суроғ карда, ба хобгоҳамон омад. Гуфт, ки рухсатӣ гирифта, хабаргирӣ омадааст. Фаҳмидам, ки шӯхист. Баъд аз як сол мутаваҷҷеҳ гаштам, ки ин фарди тоҷикро барои корҳои фавқулодда муваффақонааш барои таҳсил ба институти разведкавии ба номи Ю. Андропови Иттиҳоди Шуравӣ фиристодаанд. Худаш чизе намегуфт. Дар Москав тоҷикбачаҳо як бегоҳ ҷамъ шудем. Дӯстони русаш ҳам буданд. Абдуллоро хуш намеомад, аммо ҳамкурсонаш таъриф мекарданд, ки ҳамшаҳриамон институти ордени Байрақи Сурхдорро бо дипломи сурх хатм кард. Ана ҳамин гуна шахси илмдӯст буд дӯсти ман Абдулло. Медонистам, ки дар кораш ҳам ниҳоят пешрав аст. Шогирдони зиёд дошт. Онҳо ҳангоми бо ман вохӯрӣ кардан ӯро хело бо некӣ ёдоварӣ менамуданд: «Раҳмат ба акаи Абдулло, устоди ман ҳамон кас аст». Дигаре мегуфт: «Дасти маро акаи Абдулло рост кардааст». Сеюмӣ таъкид мекард: «Агар акаи Абдулло намешуд, ман барвақт корро мепартофтам, ӯ маро сари вақт дастгирӣ кард».Ростқавлу ростгӯ буд ӯ. Нисбати дӯстон мушфиқ, нисбати аҳли ҷинояткору хиёнаткори ватан ҳаргиз мадоро намекард. Ҳангоми дар вилояти Суғд кор кардан, чандин хоинони ватанро ошкору дастгир кард. Аъмоли онҳоро дар номаҳо тафсир намуд. Ба маҳкама кашидани дастаи калонтарини ҷинояткору мусаллаҳ дар вилояти Суғд бо номи «Сачан», гурӯҳи нашъаҷалобон бо тахаллуси «Бедимоғ», ва бисёри корномаҳои дигар, агар ба рӯзномаи давр назар карда бошед, аз номи маркази матбуотии Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд нашр мегашт. Ҳаргоҳ, ки ман ин маълумотномаҳои кӯтоҳи хабариро мехондам, ба Абдулло занг мезадам, мехостам табрикаш кунам. Ин зангҳо ба ӯ намефорид ва мегуфт: «Собирҷон, охир ин вазифаи ман аст. Мо барои он инҳоро менависем, ки нисбати дигар ҷинояткорон дарс бошад, ки аъмоли бад онҳоро ҳам ба дом хоҳад афтонд, ба аъмоли зиддиқонунии хеш хотима диҳанд, аз таҷриба баҳра бигиранд одам таваллуд шудаанд, инсон шаванд». Дӯсти ман 40 сол дар Душанбе зиндагӣ кард. Чандин сол сардори Раёсати калонтарин дар вилояти Суғд буд, муовини Вазири амният буд, унвони генералӣ дошт, аммо мошини шахсӣ надошт, хонаи дакаданг надошт, дар як манзили сехонагии бинои бетонӣ дар маҳаллаи Испечак зиндагӣ мекард. Акнун ёдбуду ҷумъагиҳояш ҳам дар ҳамин хонае, ки замони Шуравӣ гирифта буд мегузаранд. Одами хоксор буд, шеърфаҳму шеърдӯст буд, инсони комил буд, донишманд буд. Шунидам, ки ҷигарбандам, дӯстам, дӯсти сарбаландам, дӯсти ватанпарварам кушта шудааст, ба Душанбе омадам. Пурсидам, ки киро ҷуръат басандагӣ кардааст, ки ба куштори чунин як нафари ки ман ифтихори миллатам мешуморидам, нафаре, ки як рӯз зиндагии оромро надида, тамоми ҳастиашро барои амнияти ватани азизаш сарф кардааст, тасмим бигирад. Чанд рӯз гузашт. Таҳлилу баррасиҳо ва тадқиқотҳои рӯзноманигорон муайян карданд, ки гурӯҳакҳои нокасоне, ки солҳост ба иззати нафси мардуми Бадахшон мерасанд Тоҷикистонро бо нобакории қочоқи маводи мухаддир бадном мекунанд дар Чилондеву Гармчашма ном мавзеъҳои беҳтарини Бадахшон аз ин ҳисоб барои худ қасрҳо сохтаанд, ҷуръати чунин ноҷавонмардиро ба худ раво дидаанд. Пурсидам тафсири қазияро. Посух он буд, ки дӯсти ман Абдулло Назаровро зархаридони авбоши авлодии Толиб Айёмбеков ном хонашери майдонғариб куштааст. Ин фоҷиаи талх ҳам мантиқист. Абдулло умри азизи худро дар мубориза бар муқобили ҳамингуна ҷинояткорони ватанфурӯши сангдилу сангҷаллоб, нашъаманду нашъаҷаллоб, ки на қавму миллат доранд ва на ному нанг, сарф кардааст. Пурсидам, магар як нафар қудрати ин корро дорад? Гуфтанд: онҷо солҳост, ки чорёрони авбошии иркие бо номҳои Имум, Бақар, Ёдгор дар маслаки қотил – Толибанд, ки қочоқи маводи мухаддирро ифтихор медонанд ва эшон мутахасис дар касби кушторанд. Аммо дар хотир бояд дошт, ки дар ин дунё ягон паёми нек мансух ва ягон аъмол бе посух нахоҳад монд, Чуноне, ки гуфтаанд:Исо ба раҳе рафт, яке кушта бидид зор, Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.Гуфто, ки киро куштӣ то кушта шудӣ зор,То боз ки ӯро бикушанд, он ки туро кушт.Ман дар сари қабри дӯстам нагиристам. Андешаи тақдири талхи ин миллат маро намонд, ки ашк бирезам, то дилам андаке бошад ҳам таскин ёбад. Бубинед тарҷумаи ҳоли дӯсти ман Абдуллоро. Муқоиса кунед ин шахсиятро бо он нафарони манфуре, ки аз донишу фарҳанг ва аз ному нанг фарсахҳо дуранд. Таваҷҷуҳ кунед ба ин Маҳмудҳои харобкор, ки мисли хори биёбон пуранд, андеша кунед сари Рустамҳое, ки чун номбардори миллат туъмаи Заҳокҳо мегарданд. Ин куштор ба ғазаби миллат баҳри ҷинояткорон ва ҷинояткори дар кулли ҷумҳурӣ гирифтор бод! Собир ТоҳирзодаШ.Москва.