Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳомид Карзай
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар»). -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:Ҷалолатмаоб,Табрикоти самимии маро ба муносибати Иди миллии кишвари дӯст – ҷашни 93-ин солгарди истирдоди истиқлоли давлатии Афғонистон – қабул фармоед.Муносибатҳои созандаву рушдёбандаи мо дар солҳои охир бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон на фақат дар асоси дуҷониба, балки дар чаҳорчубаи равобити бисёрҷониба низ пайгирона густариш меёбанд ва мазмуни амиқтар касб менамоянд.Итминон дорам, дар марҳилаи кунунӣ, ки татбиқи амалии тасмимоти конфронси Токио ва лоиҳаҳои дар ҷараёни Конфронси РЕККА дар Душанбе пешниҳодшуда оғоз меёбад, ҳамкории наздиктару босамартари Тоҷикистону Афғонистони дӯсту ҳамҷавор сурат хоҳад гирифт. Мо зарурати тақвияти шарикиву ҳамёриро дар масъалаҳои амалӣ сохтани лоиҳаҳои инфрасохторӣ, энержӣ, амнияту тиҷорати наздисарҳадӣ, маорифу тандурустӣ бори дигар таъкид менамоем ва омода ҳастем дар ин замина талоши пайваста намоем.Мусаллам аст, ки густариши равобити дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Афғонистон омили муҳими амну субот ва рушди устувори минтақа буда, бешак, ҷавобгӯи манофеи олии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг буд, ҳаст ва хоҳад монд.Дар ин рӯзи мубораку фархунда ба Ҷалолатмаоб тансиҳатӣ ва комёбиву пирӯзиҳои ҷадид орзу намуда, ба мардуми дӯсту бародари Афғонистон сулҳу амонӣ, хотири ҷамъ ва саодату шукуфоӣ таманно дорам.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






