Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Август 30, 2012 14:46

Сӯхтор дар ҷазираи Гомери Испания Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷазираи Гомери Испания сокинони маҳаллиро вобаста ба ҳодисаи сар задани оташ дар ҷангалзор кормандони мақомоти полиси минтақа мавриди пурсиш қарор медиҳанд. Ба гуфти роҳбари кормандони тафтишотӣ то ҳол маълум нашудааст, ки ин амал аз ҷониби кӣ ва бо кадом мақсад содир шудааст. Боиси қайд аст, ки давоми 12 шабонарўз дар ин ҷо ҳодисаи сўхтори бешазор идома дошта, қисми зиёди ҷазира дар иҳотаи оташ қарор дорад. Дар пайи ҳодисаи мазкур ҳазорҳо нафар тарки манзилҳои худ карда, то ҳол имкони баргаштанро надоранд.Кормандони Хадамоти оташнишонии мамлакат ваъда медиҳанд, ки рўзҳои наздик вазъиятро пурра ба эътидол меоваранд.Сокини Британия худкушӣ карданист Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар»).- Як сокини Британияи Кабир аз қарори суд изҳори нигаронӣ карда, талаб мекунад, ки онро бекор кунанд. Тони Никлинсон дар пайи бемории сактаи мағзи сар фалаҷ гардида, муддати 7 сол мешавад, ки имкони ҳаракат карданро надорад. Аз ин хотир, аз зиндагӣ ба танг омада, аз табибон хоҳиш кардааст, ки ба воситаи дору ўро ба ҳалокат расонанд.Вале қонунгузории Британияи Кабир чунин амалро мамнўъ дониста, инро ҷиноят меҳисобад. Аз ин хотир талаби Тони Никлинсонро додгоҳ рад кардааст. Таркиш дар шимолу ғарби Покистон Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар»).- Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ дар қисми шимолу ғарбии Покистон бар асари як таркиши мудҳиш 20 кас ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштаанд.Тавре ки Агентии иттилоотии «Синхуа» хабар медиҳад, як нафар силоҳбадасти номаълум таҷҳизоти таркандаро дар дохили автобуси мусофирбар ҷой дода, сипас онро тавассути дастгоҳи идоракунандаи фосилавӣ ба кор даровардааст.Бояд гуфт, ки дар миёни ҳалокшудагон занону кўдакон низ будаанд. Дар айни ҳол кормандони мақомоти марбута дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд. Cадамаи нақлиётӣ бар асари сархушӣДушанбе,30 август. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Бозрасии Давлатии автомобилии шаҳри Маскави Федератсияи Русия садамаи нақлиётиеро ба қайд гирифтанд, ки дар ин ҳодиса як нафар ба ҳалокат расида, 3 каси дигар ҷароҳати вазнин бардоштаанд. Дар қисми ҷанубии шаҳр автомобили боркаши дорои масолеҳи бинокорӣ, ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд ба автомобили тамғаи «Мерседес» бархўрдааст. Кормандони полис дар ин ҳодиса ронандаи нақлиёти боркашро гунаҳгор медонанд. Аз рўи гуфти шоҳидон ронанда дар ҳолати сархушӣ қарор доштааст.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Август 30, 2012 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд