Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Душанбе, 2 август.(АМИТ «Ховар»).- Рўзи 31-уми июли соли равон пас аз шаш соли омодагӣ Венесуэла расман узви блоки Амрикои Лотинӣ-«Меркасур» эълон шуд. Ёдовар мешавем, ки дар соли 2006-ум Венесуэла талоши узвият ба ин блокро карда буд. Аммо дар он вақт Парагвай зидди ин иқдом баромад . Тавре ки маълум гардид, пас аз хориҷ шудани Парагвай аз «Меркасур» бо сабаби нобоварӣ нисбат ба роҳбари ин давлат Каракас ба мақсади деринаи худ расид. Роҳбари Венесуэла Уго Чавес иброз намуд, ки акнун сокинони давлатро бо 240-ҳазор ҷойи нави корӣ таъмин менамояд. Ӯ инчунин ваъда додааст, ки захираи нафтии кишварро дучанд зиёд месозад. Навгонӣ дар Индонезия Душанбе, 2 август.(АМИТ «Ховар).-Олимони шаҳри Ҷакартаи Индонезия барои заврақи моҳигирӣ муҳаррики гидрогениеро месозанд, ки барои пешгирии ихроҷи партовҳо ба табиати зинда пешбинӣ шудааст. Мутахассисони Донишгоҳи миллии Олмон мегӯянд, ки ин ихтироъ бо мақсади кам намудани ихроҷи газҳои заҳролудкунанда, ки дар натиҷаи истифодаи сўзишвории маъмулӣ ба вуҷуд меоянд, роҳандозӣ мешавад. Ҳамасола бо сабаби ҳаракати ҳазорҳо адад киштию заврақҳо дар обҳои наздисоҳилии Индонезия миқдори зиёди газҳои заҳролудкунанда ба муҳити зист зарари калон меоранд. Садамаи нақлиётӣ дар РусияДушанбе, 2 август.(АМИТ «Ховар»).-Дар вилояти Свердловски Федератсияи Русия бар асари садамаи нақлиётӣ 7 нафар ҷони худро аз даст доданд. Кормандони мақомоти қудратӣ нисбат ба роҳбари Хадамоти бехатарии ҳаракат дар роҳҳои вилоят парвандаи ҷиноятӣ боз намуданд. Ин шахси соҳибмақом барои бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифа айбдор дониста мешавад. Дар давоми 5 соли фаъолияти корӣ ин маротибаи 60- ум аст, ки ўро бо чунин гуноҳ муттаҳам месозанд. Ин навбат садама бо айби ронандаи мошини аз самти муқобил омада, ки бо суръати хеле баланд ҳаракат мекард, рух додааст.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






