Cомонаи интернетии Президент дар таҳияи нав ба шабакаи ҷаҳонӣ баромад

Август 14, 2012 09:56

Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз сомонаи интернетии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо суроғаи «president.tj» аз соли 2005 ба ин сӯй фаъол аст, дар таҳияи нав ба шабакаи ҷаҳонӣ баромад.Сомонаи нави «president.tj» бо ҷалби беҳтарин барномасозони ватанӣ таҳия шуда, аз шакли пешинаи худ бо тарҳу намои зебою замонавӣ, навтарин барномаҳои сомонасозӣ, имкони ҷустуҷӯ ва зуд дарёфт кардани маводи зарурӣ бо тариқи автоматӣ ва дигар имконоти муосир фарқ мекунад.Тамоми мавод бо фаврияти баланд бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар сомона ҷойгир карда мешавад.Дар саҳифаи асосӣ, афзалият, пеш аз ҳама ба хабарҳои нав дода мешавад. Дар қисмати болоӣ, ҷое, ки пеш аз ҳама ба чашм мерасад, 3 хабари асосӣ, 10 хабари охирин, солномаи ахбор ва маводи охирин аз бахшҳои Суханрониҳо, Барқияҳо, Сӯҳбати телефонӣ бо аксҳо(Фотогаллерея) ва наворҳои видеоӣ пешкаш мешаванд.Аксҳо бо сифати баланд дар системаи байналмилалии Flickr ҷойгир мешаванд, ки барои рӯзномаю маҷаллаҳо айни муддао мебошад.Ҳамчунин барои сари вақт огоҳ шудани истифодабарандагони сомона аз хабарҳои охирин дар он системаи RSS насб шудааст, ки омили муҳим барои фавран паҳн шудани маводи тоза мебошад.Барои осон ва содда намудани дарёфти маводи зарурӣ сомонаи нави интернетии Президенти Тоҷикистон ба бахшҳои гуногун, аз ҷумла Хабарҳо, Вохӯриҳо, Суханрониҳо, Сафарҳои дохилӣ, Сафарҳои хориҷӣ, Фармонҳо, Паёмҳо, Барқияҳо, Сӯҳбатҳои телефонӣ, Аксҳо, Истиқлолият, Конститутсия, Савганд, Ваҳдати миллӣ, Паём, Мулоқот бо зиёиён, Наврӯз, Иди модарон, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва ғайра гурӯҳбандӣ шудааст.Як бахши мустақили сомонаи нав ба сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон бахшида шуда, аз зербахшҳои Созмонҳои байналмилалӣ ва Давлатҳо иборат аст.Дар ҳар як бахш хабарҳо мутобиқ ба замон ва ҳам макони баргузории чорабиниҳо гурӯҳбанӣ мешаванд, ки барои осон намудани ҷустуҷӯ ва ёфтани мавод пешбинӣ шудааст.Ҷустӯҷӯи амру фармонҳои Президент ва қарору фармоишҳои Ҳукумат аз рӯйи сана ё рақам роҳандозӣ мешавад.Саҳифаҳои сомонаи Президенти Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба монандии facebook ва twitter сохта шудааст, ки дар онҳо хабарҳои ҳаррӯза бо аксу наворҳо фаврӣ пахш мешаванд. Истифодабарандагони ин шабакаҳо метавонанд бо маводи сомонаи «president.tj» шинос шуда, шарҳу эзоҳ ва ё андешаҳои худро нависанд ва ба дӯстонашон тавсия диҳанд ё барои сомонаҳо ё гурӯҳҳои иҷтимоии худ нусха бигиранд.Дар қисмати поёни сомона маълумоти умумӣ дар бораи Тоҷикистон, Президент, Рамзҳои давлатӣ, Санадҳо, Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроия ҷойгир шудаанд.“Нома ба Президент” аз бахшҳои муҳими сомонаи нав буда, дар поёни он барои таъмини робитаи мустақиму бевоситаи роҳбари давлат бо истифодабарндагони ин саҳифаи интернетӣ ва умуман мардуми кишвар мебошад.Барои аз худи сомона фиристодани нома ба Президент нахуст формаи махсусро пур кардан лозим аст, ки иборат аз ному насаб, ҷойи кор, ҷойи истиқомат, E-mail, мавзӯъ ва матни нома мебошад. Дар он, ҳамчунин имкони замима кардани файлҳои иловагӣ пешбинӣ шудааст.Хулласи калом, сомонаи нави «president.tj» ҳамқадам бо дастовардҳои навтарини технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ буда, дастрасии озоду бемонеа, шаффофият, фаврият ва сабукии корро ба истифодабарандагони худ пешкаш менамояд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 14, 2012 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ конфронс баргузор гардид
Дар Мастчоҳ Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон вобаста ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай ба беморони диабети қанд муфид аст
Марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон бо таҷҳизоти пешрафтаи ташхисӣ ва табобатӣ таъмин мешаванд
Вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар ноҳияи Сино ғолибони даври ноҳиявии озмуни «Оилаи беҳтарин» муайян карда шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад