Домана дар Хоруғ
Бадахшон, 31 август. (АМИТ «Ховар», Лутфишои Додо). – Бемориҳои сироятии домана ва исҳоли меъда аз ҷумлаи бемориҳое мебошанд, ки дар натиҷаи истеъмоли обу ғизои ифлос ва риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ сар мезананд. Тибқи иттилои табибони шӯъбаи сироятии беморхонаи вилоятӣ ҳоло дар ин ҷо дар маҷмӯъ 54 нафар мариз бистарӣ шудааст, ки аз ин теъдод 26 нафарашон гирифтори бемории домана мебошанд. Инчунин ҳамарӯза теъдоди зиёди беморони гирифтори бемории исҳоли меъда аз ташхису маслиҳати табибони Маркази саломатии шаҳри Хоруғ гузашта, оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани маризиҳои мазкур маслиҳатҳои муфид мегиранд. Ба гуфти духтури тибби оилавӣ Дилрабо Мародалиева ин беморӣ дар як қаҳвахонае дар маҳаллаи Селхозтехника, ки асосан шаурма мепазанд, пайдо шудааст. Бар асари ҳодисаҳои шаҳри Хоруғу маҳкам шудани роҳҳо шаурмаро аз гӯшти кӯҳна омода намудаанд ва он боиси пайдо шудани ин бемории сироятӣ шудааст.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






